Ҷашни Артиши миллӣ дар ДМТ

Бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ санаи 21.02.2019 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Ректори ДМТ, академик Имомзода М.С.   нишастро оғоз намуда, ҳайати донишҷўён ва кормандони кафедраи  ҳарбии донишгоҳро бо ин санаи таърихӣ табрик намуд. Сипас намояндаи  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон Одинаев М. ва сардори кафедраи ҳарбии донишгоҳ полковник Д. Назаров аз таъсисёбии Артиши миллӣ ва пешравиҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ёдовар шуданд.  Дар нишаст гуфта шуд, ки Артиши миллӣ дар солҳои ҳассоси соҳибистиқлолияти кишвар аз сифр таъсис ёфтааст, яъне аз артиши пурқудрати Шўравӣ чизе боқӣ намонда буд. Дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар як муддати кўтоҳ миллати тоҷик тавонист Артиши худро пурзўр намояд. 
Дар идомаи чорабинӣ чанде аз устодону кормандони донишгоҳ, кафедраи ҳарбӣ ва донишҷўёни фаъоли ансамбли халқии «Наврўз»-и донишгоҳ бо ифтихорномаю раҳматномаҳои Вазорати мудофиа ва Донишгоҳи миллӣ қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. бо «Ифтихорнома»-и Вазорати мудофиа, муовини аввал, муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Т. Хоҷаев, устодони кафедраи ҳарбии донишгоҳ Қосимов Ҳ. ва Ғоибов Р. бо «Медали ҷашнӣ»-и Вазорати мудофиа; устодони кафедра Ҷўмаев З. ва Ёров А. бо «Ифтихорнома» ва Ализода М. бо «Раҳматнома»-и вазорати мазкур қадрдонӣ шуданд.   
Ҳамзамон, ба ин муносибат дар  хобгоҳи №3 донишгоҳ  таҳти унвони «Мо ҳомиёни  шўҷои  ватанем»  чорабинии тарбиявӣ баргузор  гардид.   Шўрои донишҷўёни  хобгоҳ  бахшида  ба ин  рўз  миёни  донишҷўён  мусобиқаҳои  варзиширо аз  рўи  намуди  «Шашка» ва «Шоҳмот»  гузаронида, дар чорабиниии мазкуо ғолибонро бо туҳфаҳои  хотиравии Кумитаи  иттифоқи касабаи донишҷўёни донишгоҳ қадрдонӣ  намуд. Барномаи фарҳангӣ, ки  аз  ҷониби  донишҷўдўхтарон  пешкаш шуд, дар сатҳи  баланд  гузашт. 
Раиси Шўрои донишҷўён М.А.Сафаралиев иттилоъ доданд, ки  Шўрои донишҷўён тасмим гирифтааст, ки бо ҳамроҳии донишҷўён ҷашнҳои дар пешистодаро дар дар сатҳи баландтар таҷлил намоянд.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj