Ҷашни Сада як ҷузъи арзишманди худшиносии мост

Абдуҷаббор Раҳмонзода
Академики АИ ҶТ,
Равшан Раҳмонӣ
Профессори ДМТ
 
Ҷашнҳои Ялдо, Сада ба Наврўзу Меҳргон пайванд буда, таърихи дуру дароз доранд ва ба рўзгори инсонҳои замони ибтидоӣ мерасанд. Онҳо бо гоҳшумории (тақвими) ниёгони мо иртиботи ногусастанӣ доранд. Пайдоиши онҳо ба зиндагии ҳаррўза, ҳар ҳафта, ҳармоҳа ва ҳарсолаи мардум пайваст буда, дар асл ҳисоби замони кишту кору чорводорӣ аст.
Одамони замони қадим чор унсури зиндагӣ об, ҳаво, хок, оташро гиромӣ медоштанд. Яке аз онҳо оташ, ҳамчунин хуршеду равшании он барои рўзгузаронии мардум бисёр муҳим буд. Аз ин рў, қавму қобилаҳои гуногуни олам ба хуршеду оташ эътиқоди махсус доштанд. Ҳамин эътиқод буд, ки онҳо гумон мекарданд, ки хуршед ҳам ба монанди тамоми мавҷудоти табиат таваллуд мешаваду мемурад. Мувофиқи боварҳои мардумӣ дарозтарин шаб ин зоиши хуршед ва охири тирамоҳ пеш аз оѓози зимистон ин марги хуршед буд. Он шаби дарозтаринро шаби чилла ё шаби ялдо мегуфтанд. Ялдо вожаи суриёнӣ буда, маънояш ҳамон таваллуд аст. Ба ин таваллуд мардумони гуногун эҳтиром мегузоштанд. Баъдҳо ниёгони мо низ ин таваллудро бо номи шаби чилла ва шаби ялдо ҷашн мегирфтанд.
Сада дар асл вожаи авестоӣ буда, яке аз маъноҳояш пайдо ва намоён шудан, ба хусус зоҳир шудани хуршед аст. Тибқи мушоҳида ва боварҳо хуршеди таваллудшуда, пас чил рўз ба назар комилан зоҳир меградид, ки ниёгони мо онро ҷашн мегирифтанд. Чунки тамоми пешрафти зиндагӣ, шукуфоӣ, ризқу рўзӣ, чорводорию кишту кори одамон марбути ҳамин гармиии хуршед буд. Ин буд, ки бо гузашти замон дар бораи Сада устура ва ривоятҳои зиёде вобаста ба вожаи сад, партоб кардани санг ба мори сиёҳ аз ҷониби Ҳушанг, ба Заҳҳок пирўз омадани Фаридун ва амсоли ин ба вуҷуд омад. Дар ин бора Фирдавсӣ, Берунӣ, Байҳақӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фарурухӣ, Низомӣ ва дигарон ёдвар шудаанд.
Мо низ ба таври муфассал дар мақолаҳои худ оид ба ин масъала сухан рондем ва бо далелҳо ишорат бар он намудем, маънои асосии вожаи Сада ин пайдо шудан ё намоён гардидани хуршед аст. Дар асоси мисолҳо нишон додем, ки одамони қадим зоҳир шудани чилрўзагии хуршедро ҷашн мегирифтанд. Баъдҳо ин ҷашн ҳамчун суннати мардумӣ ва ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ дар кишварҳои ҳавзаи мардуми эронитабор таҷлил мешуд.
Маҳз барои ҳамин мо – тоҷикон ҳақ дорем, ки ин ҷашни ниёгони худро таҷлил намоем. Ба ин васила дар «Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» (26 январи 2019), чун эҳёгари ҳунару ҷашнҳои бостонӣ чунин омадааст: «Ба шарофати истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрўз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд. Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин ойинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар таҷлил карда мешавад».
Метавон ба ёд овард, ки пас аз кашфи оташ мардум фоидаи равшанӣ ва гармии хуршедро дарк намуда, ба ин падидаҳои табиӣ бо эътиқод менигаристанд. Дар бахши сардиҳои сол ба хуршед ва оташ бештар муҳтоҷ буданд ва ин аст, ки онҳоро мепарастиданд. Баъдҳо одамони рўи замин нисбати хуршеду оташ устураву афсонаву ривоятҳо мегуфтанд. Ба ин ҷиҳат ҳақ бо ҷониби Пешвои миллат аст, ки ба идомаи табрикоташон гуфтаанд: «Гузаштагони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ низ таҷлил мекардаанд. Яке аз сабабҳои ситоиши ин ҷашн дар осори шоирону адибони маъруфи мо низ аз ҳамин иборат мебошад. Зеро оташ на танҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рўшноӣ мебошад. Дар айёми Сада рўзҳо то рафт дароз ва шабҳо кўтоҳ мешаванд.
Яъне аз ҳамин шабу рўзҳо пирўзии равшанӣ бар торикӣ ва некиву накўкорӣ бар ҷаҳолату бадкирдорӣ оѓоз мегардад, ки ин рамзҳо аз замонҳои хеле қадим ҳамчун ҷузъи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии мардуми мо пазируфта шудаанд».
Баъдҳо, бо гузашти замон дар минтақаҳои кишту кор ҷашнҳои Ялдо, Сада, Наврўз ва Меҳргон ва албатта боз ҷашнҳои дигар, ки ҳама чун гоҳшуморӣ барои ниёгони мо арзишманд буданд, дар рўзгори онҳо ҷойгоҳи худро пайдо намуданд.
Инак, бо мурури замон Сада бо ин ном дар байни мардуми мо ҷойгузин шуд. Дар замони Пешдодиён, Каёниён, Ҳахоманишиён, Сосониён ва давлатҳои дигари ниёгони мо Сада ҷойгоҳи хешро пайдо намуд. Дар ҳамин давра бо гузашти замон хуршед, равшании он ва оташ, ба дини зардуштӣ роҳ ёфт ва чун фурўѓи Аҳрумаздо (Ҳурмузд) шинохта шуд. Тибқи оинҳои зардуштӣ Аҳрумаздо маҳз ба воситаи рўшноӣ ҷилва менамояд.
Ориёиҳо дар замонҳои қадим ҳангоме ки ба худо рў меоварданд, ба тарафи хуршед истод мешуданд ва ибодат менамуданд. Вале агар шаб хостанд, ки ба ёди Аҳрумазод бошанд, чун рамзи хуршед ба оташ рў меоварданду ниёиш менамуданд. Бо гузашти замон оташкадаҳо сохта, рў ба оташ карда, дар он ҷо ба ситоиши Аҳрумаздо машѓул мешуданд. Дар китоби Авесто оташ арзишмандтарин унсури зиндагист, ки дар он ҷилваи худованд аст. Маҳз ба воситаи оташ бар зидди неруҳои аҳриманӣ мубориза мебурданд [ниг.: Авесто 2001; Озаргушасп 1372(1993); Рак 1998].
Баъдҳо ҷашни Сада ва нишонаҳои он дар давраи Сомониён, Ѓазнавиён ва хуллас то рўзгори мо расид. Онро мардум ҳамчун эътиқод дар бораи хуршед ва оташ, боварҳои худро аз насл ба насл интиқол дода, нишонаҳои онро, ки муқаддас донистани оташ, гармии он, равшании хуршед аст, то имрўз овардаанд.
Ҳамин буд, ки пас аз Истиқлоли Тоҷикистон дар канори ҷашнҳои Наврўзу Меҳргон ба эҳёи ҷашни Сада чун ҷашни пайванди инсон ва табиат таваҷҷуҳ зиёд шуд. Дар Паёми Пешвои миллат (26-уми декабри соли 2018) чунин омадааст: «Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврўз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд».
Ба идомаи суханронии хеш Сарвари кишвар ёдовар шудаанд, ки бархе аз мероси воқеан миллию башардўстонаи мо ба Феҳрасти мероси ѓайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидааст ва баъзе дар оянда бояд ворид гадад, ки дар байни онҳо ҷашни Сада низ аст:
«Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом ва Наврўз ба Феҳристи мероси ѓайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд ва соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд».
Бале, акнун замоне расидааст, ки ҳар санади арзишманди илмиро, ки барои бештар шинос намудани ҷашни Сада арзишманд аст, олимон бояд пажўҳиш намоянд. Ба гуфти Пешвои миллат зиёинро зарур аст, ки барои ҳифзи мероси чандҳазосолаи башардўстонаи худ кўшиш дошта бошанд. Ба ин васила ин гуфтаи Президенти кишварро, ки дар Паём омадааст, бояд сармашқи кори худ қарор диҳанд: «Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем».
Ҳамин гуфтаи худро Сарвари кишвар дар табрикоти худ, чанд рўз пеш, нисбат ба ҷашни Сада ин тавр баён намуданд: «Вобаста ба ин, ба олимону донишмандон зарур аст, ки паҳлуҳои норавшан ва аҳаммияти ин ҷашнро омўзанд, арзишҳои онро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллиамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиѓ намоянд».
Дар давраи Истиқлоли Тоҷикистон оид ба ҷашни Сада низ мақолаҳо, шеърҳо ва китобҳо нашр гардида истодаанд. Пажўҳандагон А.Раҳмонзода, Р.Аҳмадов, М.Ҳазратқулов, Р.Раҳмонӣ, Д.Раҳимов ва дигарон дар рисолаҳои худ, ки оид ба ҷашни Наврўз ва Меҳргон таълиф намудаанд, роҷеъ ба ҷашни Сада низ назари худро баён намудаанд.
Имрўзҳо шоирони тоҷик дар бораи Сада шеърҳо мегўянд ва сарояндагон месароянд. Яке аз шеърҳое, ки ба ҷашни Сада бахшида шудааст, аз шоири маҳбубу хушбаён, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон устод Гулназар аст. Унвои шеър «Ҷашни сада» буда аз чаҳор мисраъ иборат аст. Шоир Садаро ба сўи Наврўз раҳкушоянда номида, хеле зебо ва динишин ишорат бар он намудааст, ки «Сада ба сўйӣ Наврўз сад раҳ кушода, рўйи Наврўзро ба мо намоёнида, дар сармо бўйи онро ба мардуми мо мерасонад». Дар воқеъ ҳамин тавр аст. Ин аст он эҳсоси зарифу латифи эшон:
 
Сада сад раҳ кушояд сўйи Наврўз,
Ба рўйи мо намояд рўйи Наврўз.
Сано гўям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бўйи Наврўз!
 
Дар сурудаи шоири ширикалом Муҳаммад Ѓоиб «Оташи Сада» чун худшиносии миллӣ гузаштаи чандҳазорсолаи моро ба пеши назар ҷилвагар месозад, ки бо ин мисраҳо оѓоз мешавад:
 
Ин оташ аз худафрўзӣ нишон аст,
Ки онро раѓми зулмат офариданд.
Зи нураш карда равшан хонаи дил,
Шарарҳои муҳаббат офариданд.
 
Ин оташ аз худафрўзӣ нишон аст,
Барад бар кўйи шаб аз рўз пайѓом.
Чароѓи рўзафрўзе набошад,
Надорад субҳи козиб фарқ аз шом.
 
Ин оташ аз худафрўзӣ нишон аст,
Ҳадиси нур бошад анҷуманро.
Фурўѓи навбаҳори ҷовидон аст,
Зимистон мурда месозад баданро.
 
Дар ин шеъри дилнишини М.Ѓоиб мисраи аввал: «Ин оташ аз худафрўзӣ нишон аст» ба мисли нақароти суруди дилнавоз хонандаро ба «худафрўзӣ» даъват месозад. Шоир чи қадар зебо гуфтааст, ки гармии «ин оташ» на фақат ба гули наврўз, сияҳгўш «оѓўш мекушояд», балки «бадхоҳ аз дудаш нафастанг» мегардад. Вале ин оташ «Ба раѓми оташи пурлахчаи ҷанг», «зи шамси сулҳҷўён нур дорад». Ин гуна эҳсоси ватнпарстонаю миллатдўстона барои насли имрўз лозим аст. Шоир дар образи ҷашни Сада, бо эҳсос нишонаҳои дар тўли ҳазорон сол арзишманди онро сутудааст:
 
Ин оташ аз худафрўзӣ нишон аст,
Кушояд роҳ бар гармии оѓўш.
Гули наврўз аз он осор дорад,
Аз он бошад хати зарди сияҳгўш.
 
Ин оташ аз худафрўзӣ нишон аст,
Шавад бадхоҳ аз дудаш нафастанг. 
Зи шамси сулҳҷўён нур дорад,
Ба раѓми оташи пурлахчаи ҷанг.
 
Дар он ҳамон андешаи фалсафии муборизаи рўшноӣ бо торикӣ, дар зимистон расидани муждаи навбаҳор, огоҳ шудани инсон аз шукуфтани нахустин гулҳои наврўзию сиёҳгўш, оташи сулҳ будани ҷашни Сада, пайѓоми Сада аз Ҳушангу Ҷамшед ва Роѓуни имрўзи тоҷикон, ки дар ҳар хонадон нури худро мерасонад, хеле сода равон, оҳангин тасвир ёфтааст:
Ин оташ аз худафрўзӣ нишон аст,
Фурўзонтар шуд он дар аҳди Ҷамшед.
Ба даври мо ба Роѓун зинда гашта,
Ба ҳар дар мерасонад нури уммед…
Ба гуфти М.Ѓоиб «Оташи Сада» на фақат дили мардуми моро, балки «Ин оташ баҳри Наврўзи ҷаҳонӣ, Дили халқи ҷаҳонро мекунад гарм…». Шоир гуфтааст:
Ин оташ аз худафрўзӣ нишон аст,
Замину осмонро мекунад гарм.
Ин оташ баҳри Наврўзи ҷаҳонӣ
Дили халқи ҷаҳонро мекунад гарм…
Шеъри шоири маҳбуби тоҷик Саидалӣ Маъмур «Оташи меросӣ» бо эпиграфин зерин оѓоз шудааст: «Маънои Сада дар забони мардуми ориёӣ Оташ буда, ниёкон гулханафрўзиро яке аз суннатҳои он донистаанд». Шоир дар шеъраш эҳсосоти худро нисбат ба таърихи ниёгон баён намуда, дар рўзгори гузаштаи мардуми мо муҳим будани оташро таъкид намудааст.
Ниёгони мо оташро чун гармкунандаи макони зист парастиш менамуданд. Шодиовар будани рўҳи гузашагонро ёд намуда, С.Маъмур бо самимият гуфтааст, ки «Ҳар хомии хешро дар оташ бипазем». Дар асл зиндагӣ чунин аст, ки дар раванди он инсон обу тоб ёфта, дар оташи он пухта мешавад. С.Маъмур баъзе лаҳзаҳоеро, ки худ дар зиндагӣ мушоҳида кардааст ва мутолиа намудааст ба қалам додааст. Чанд мисраи ин шеъ чунин аст:
Оташ, ки ба аҷдод муқаддас будӣ,
Ў кард парастишу биёвард суҷуд.
Монандаи обу хоки худ хонда азиз,
Пайваст ба оташ ҳамаи буду набуд.
 
 
Бояст, ки ҳар кинаи худро яксар
Дар оташи бекини ниёкон сўзем.
То рўҳи гузаштагони худ шод кунем,
Хотир ба хаёлу ёдашон афрўзем.
 
Сурудаи Алимуҳаммад Муродиро, ки «Ҷашни Сада» ном дорад, баробари мутолиа кардан метавон чун тарона замзама кард. Оҳанги шеър чун суруди мардумӣ зуд бар дил мешинад. Дар ин шеър ҳамчун воситаи тасвири бадеӣ гузаштаи ҷашни Сада, аз Ҳушанг ба ёдгор мондани он, ҷашни шоҳони Хуросон буданаш, муждарасони ҷашн ва амсоли ин тасвир ёфтааст. Инчунин шоир зарифона ба чанд нуктаҳои зарифи Сада ишорат намуда, асли ҷашни Садаро низ ба ёд овардааст, ки он дар воқеъ ҷашни чиллаи Хуршед аст. Пажўҳандагон бар он назаранд, ки ҷашни Сада ин ҷашни чиллаи Хуршед буда, устураҳои дигар бо мурури замон пайдо шудаанд. А.Муродӣ ба ин масъала ба таври зерин ишорат намудааст: «Ҷашни нур асту зиёву тўю сур, Ҷашни хуршед аст ин ҷашни Сада». Шоир аз таърихи ҷашни Сада эҳсоси пурмеҳр бардошта дар байти такрории шеъри худ, ки нақарот аст, хонандаи миллатдўстро ба худшиносӣ даъват менамояду мегўяд: «Хез, то ҷашни Сада барпо кунем, Расми аҷдодии худ эҳё кунем!». Шеър ҳам барои хондан ва ҳам барои сурудан дилнишин аст:
Аз Ҳушанг омад ба мо ҷашни Сада,
Ҷашни шоҳони Хуросони бузург.
Оташе, ки дар Сада рўшан шавад,
Ҳаст рамзи рўҳи мардони бузург.
Хез, то ҷашни Сада барпо кунем,
Расми аҷдодии худ эҳё кунем!
Вақте шоир дар бораи ин ё он мавзўъ шеър менависад, пеш аз ҳама он масъаларо меомўзад. Барои таъсирбахш баромадани шеъраш вожаҳо, ибораҳои зарурро интихоб мекунад. Агар мавзўъ ба таърих, расму оин ва вобаста ба фарҳанги пешин бошад, сарчашмаҳои муҳимро мутолиа менамояд. Баъдан мекўшад, ки аз гузаштаи пурифтихор барои муосиронаш як чизи мондагор бигўяд. Шоироне, ки дар бораи ҷашни Сада шеър гуфтаанд, кўшиш намудаанд то ҳадде таърихи пешинаи онро биомўзанд. Ҳамин омўзиш аст, ки онҳо образҳои барҷастаи пайваста ба Садаро, ба мисли оташ, хуршед, Наврўз, зимистон ва амсоли инро, мавриди истифода қарор диҳанд. Шоирон кўшиш намудаанд, ки ба таърихи пешинаи Сада, моҳияту эҳёи он, пайвандгари наслҳои гузашта ва имрўз будани он чун худшиносии миллӣ ишорат намоянд.
Дар шеъри «Ҷашни Сада»-и Муҳтарам Ҳотам низ ҳамин ҷиҳати масъала хуб тасвир ёфтааст. Худи М.Ҳотам ошиқи таърих аст. Дар бораи таърихи ниёгонамон асарҳои зиёд навиштааст. Аз ин рў, дар ин шеъри хеш ба таърихияти ҷашни Сада бештар ишорат кардааст. Хонандаи хушзавқро бо мисраъҳои оҳангини хушнаво бо нозукиҳои Сада ошно сохтааст. Эшон зимнан чун ҳақиқати таърихӣ пайванди ногусастанӣ доштани ҷашнҳои Наврўзу Меҳргону Садаро таъкид менамояд. Ҳамчунин ёдовар мешвад, ки «Файзи Истиқлоли кишвар мулкро обод кард, Сулҳу Ваҳдат дар диёри тоҷикон шуд пойдор!». Эҳёи ҷашни Сада низ аз баракати Истиқлоли кишвар аст. Порае аз шеъри М.Ҳотам ин аст:
Инак-инак, мерасад файзи сахои офтоб,
Меравад деҳқон ба саҳро аз барои киштукор.
 
Чашми хуршед аст равшан субҳ аз пилки уфуқ,
Мерасад чун чашмаи хуршед оби чашмасор.
 
Рўз ояд неку маҳ фархундаву соли бафайз,
Рўзу солу моҳро нек оварад Парвардгор.
 
Файзи Истиқлоли кишвар мулкро обод кард,
Сулҳу Ваҳдат дар диёри тоҷикон шуд пойдор!
 
Роҳҳо бунёд гашту шаҳрҳо ободтар,
Кишвари тоҷик шуд рўйи ҷаҳон овозадор.
 
Дар ҷаҳони пуртакопў зистан мушкил бувад,
Беш аз ҳарвақта мебояд талошу нангу ор.
 
Муҳтарам Ҳотам дар шеъри дигари худ, ки «Сада ёди ниёгон аст» ном дорад, ба хонанда ёдовар шудан мехоҳад, ки аз таърихи ниёгон сабақ бигирад. Хонанда на танҳо аз таъриху фарҳангаш биомўзаду азиз дорад, балки ҷашну оинҳояшро пос дорад. Дар шеър аз пайванди Сада, навбаҳор, гулхан, Баҳман ёд шуда, он хонандаро ба омўзиши падидаҳои муҳим ва арзишманди суннатҳои ниёгон водор месозад:
Шарори хомаам гулхан фурўзад,
Аҷаб дорам, чаро дафтар насўзад.
 
Хушо, шуд гулхани Баҳман фурўзон, 
Чу гулшан тоза як гулхан фурўзон. 
 
Ба гармӣ чун бигуфтӣ ҳарфи Баҳман,
Дилам шуд об ҳамчун барфи Баҳман.
 
Ниёгонро ҳамеша ёд орем,
Ки номи некашонро зинда дорем.
 
Давлат Сафар эҳсосоти худро нисбат ба Сада ба таври қиёс пешниҳод кардааст ва моҳияти онро, ки «сад маънию мазмун дорад», «сад кўҳи муроду ганҷи Қорун дорад» ва аз таърихи бостонии ниёгони мо расидааст, зарифу латиф нишон додааст. Ҳақ ба ҷониби эшон аст, ки он замоне, ки Садаро ҷашн мегирифтанд «Не масҷиду не куништу не майкада буд». Эшон бо ин ишорати муҳим ёдовар шудааст, ки таърихи гузашта, аз ҷумла он чизеро, ки ба Сада вобаста аст, бояд омўхт ва аз барои сохтани имрўз чизҳое гирифт, то «Афзуд шукўҳи Тоҷикистон ба фалак»:
 
Рўзе ки фалак домани худ барзада буд,
Не масҷиду не куништу не майкада буд.
Аммо ба ҳама давр ба чашми хуршед
Ҳамрешаи мо ба хок ҷашни Сада буд.
 
Сарчашмаи Наврўзи ҷаҳонӣ Сада шуд,
Гулбазми баҳор гирди оташкада шуд.
Афзуд шукўҳи Тоҷикистон ба фалак,
Бар номи Сада мудом, ки арбада шуд.
 
Унвони шеъри Рустам Ваҳҳобзода «Озарафшони Сада» аст. Ў чанд нуктаи муҳими гузаштаро бо имрўз бо диди асотирӣ, таърихӣ, фалсафӣ пайвастааст. Барои он ки суханаш таъсирбахш бошад ва хонандаро барои фикр намудан водор намояд, ў на фақат ба таърихи тоҷикон, балки ба фарҳанги аврупоиён низ ишора намудааст. Аз мутолиаи шеъри Рустам Ваҳҳобзода хонандаи закӣ моҳияти ҷашни Садаро чун «нури эзадӣ» дарк менамояд. Тасвирҳои пурмаънои шоир «конуни бихрадӣ», «фарри шаҳаншаҳӣ», «ҳанги сипаҳбадӣ», «лаъли дили Ҳушанг», «раста зи қалби дили санг», «набарди ҳақ», «хашми Зевс», «ранҷи Промитей», «меҳри ҳурмузӣ» хонандаро ба фикр кардан водор менамояд. Шоир дар охири шеър файласуфона гуфтааст: «Зулмот аз ҷаҳон / биздой то абад, / Эй оташи Сада, / эй нури эзадӣ!» Ин аст шеъри Рустам Ваҳҳобзода «Озарафшони Сада», ки хонанда аз он лаззати маънавӣ мебардорад:
 
Эй оташи Сада, 
эй нури эзадӣ,
Пирўз ҷовидон 
фарҳанги сармадӣ.
Оташ ба ҷойгоҳ 
худ оби зиндагист,
Тобанда андарун 
конуни бихрадӣ.
Ойини Кўҳшоҳ, 
тадбири Таҳмурас
Фарри шаҳаншаҳӣ, 
ҳанги сипаҳбадӣ.
Лаъли дили Ҳушанг, 
раста зи қалби санг,
Поси набарди ҳақ бар 
раѓми ҳар даде.
На хашми Зевс, на 
ранҷи Промитей,
Бо меҳри ҳурмузӣ 
аз чарх омадӣ.
Сад шом пештар 
аз субҳи Фарвадин,
Пиндори минавӣ, 
пайѓоми мубадӣ.
Зулмот аз ҷаҳон 
биздой то абад,
Эй оташи Сада,
эй нури эзадӣ!
 
Гурез Сафар дар бораи Ҷашни Сада суруде навишта, унвони онро «Ҷашни Сада муборак» номидааст. Ин суруд шунавандаро бо шаҳомати ин ҷашн ошно месозад ва ўро водор менамояд, ки дар бораи чи будани ин ҷашн тасаввуроти нек дошта бошад. Зимнан дар суруд ишорат бар он шудааст, ки аз хушиҳои ҷашни Сада ва ҷашнҳои дигари ниёгон ба монанди Наврўзу Меҳргон шукрона намоем. Ҳамчунин шукрона бояд кард, ки имрўз Пешвои миллат барои эҳёи ҷашну суннатҳои ниёгон шароит муҳайё намудааст:
 
Нақарот:
Ҷашни Ҳушанг омад, ҷашни Сада муборак,
Бо тору чанг омад, ҷашни Сада муборак!
Пайки баҳору Наврўз, бо чеҳраи дилафрўз,
Хушобуранг омад, ҷашни Сада муборак!
Бар хонаи туву ман, файзе зи моҳи Баҳман,
Бас шўху шанг омад, ҷашни Сада муборак!
 
Солҳои охир дар матбуот дар бораи ҷашни Сада шеърҳое нашр шуд, ки ҳар кадоме муҳаббат ва самимияти адибонро нисбат ба он нишон медиҳад.
Шоирон миллат, ватан, фарҳанг ва таърихи ниёгони худро дўст медоранд. Онҳо аз ҳар падидаи арзишманди гузаштагон ва муосирон ба ваҷд омада, бо ҳаяҷон дар бораи он чизе мегўянд. Аз ин тариқ хонандаро барои дўст доштани миллат, кишвар ва таъриху фарҳанги он роҳнамоӣ менамоянд. Дар «Ѓазали оташ»-и Озар ҳамин гуна эҳсос ба пеши назар ҷилвагар мешавад. Озар дар шеъри дигари худ, ки «Сада» ном дорад, дақиқтар бо оҳанги гўшнавозу дилнишин чӣ будани Садаро барои хонанда мефаҳмонад:
Чист, эй дўст, Сада?
Сада, ин рамзи муҳабат ба баҳор,
Сада, ин муждаи Наврўз,
Сада мероси ниёгони ман аст!
Сада, ин оташи ҷовиди Хуросони ман аст!
 
Барои Озар Сада на фақат муждаи Наврўз аст, балки сарчашмаи арзишманди суннатии таърихи миллат мебошад. Ў ба воситаи образҳои мифопоэтикӣ гузаштаро ба имрўз мепайвандад. Хонандаро огоҳ месозад, ки аз шахсиятҳои маъруфи асотирии ниёгонаш Ҷамшеду Фаридун огоҳ шавад; Нораку Роѓунро, ки мисли Сада дар ҳар хонадони тоҷик равшанӣ медиҳад, бояд дўст дорад:
 
Чист, эй дўст, Сада?
Сада оѓози яке соли пур аз иқбол аст.
Сада мероси Ҷаму Афредун,
Сада, ин Нораку Роѓун,
Сада, ин партави хуршедии истиқлол аст!
 
Муфассирон гўянд:
Аз зимистони бузург,
Чу равад сад рўзаш,
Барфурўзанд яке оташи бисёр баланд,
Ва бигўянд: Офтобо!
Мо ҳама ошиқи нурему парастори туем,
Пайи эъдоми шабу деви сияҳ ёри туем,
Дили огоҳи туем,
Дидаи бедори туем!
 
Баробари хондани шеъри Озар хонандаи закӣ бо гуфтаҳои пажўҳандагони мардумшинос, таърихнигор, файласуф ошно мегардад. Онҳо ишорат бар он кардаанд, ки оташ ва хуршед аз замонҳои бостон то имрўз муфид буда, одамон онҳоро ниёиш менамуданд. Шоир ҳамчун воситаи тасвири бадеӣ ба ҳамон устураи бостонӣ, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» овардааст, ишорат намудааст. Зимнан шоир ёдовар мегардад, ки ҷашни Сада ин худшиносӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллати мост:
 
Дигаре мегўяд:
Сада рўзест, ки одам
Ёд бигрифт барафрўхтани оташро.
Шарҳаш ин аст, ки Ҳушанг – шаҳи аҳди қадим
Гоҳи шикор,
Санг андохт пайи куштани мор,
Мор бигрехт, вале
Аз ҳамон санг, ки бар санги дигар омад рост,
Гашт тавлид шарор,
Ва бипечид оташ бар тани хор.
Кашфи оташ, ки муяссар гардид,
Ҷашн орост Хидев,
Ва ҳамин ҷашн ба ҳар соли дигар баргардид.
 
Низ гўянд Сада
Нест як оташи сода,
Оташ ин самти ибодат будаст,
Яъне қибла дар он аҳди куҳан рўшан буд,
Ва ниёи ману ту
Ба сиёҳӣ, ки бувад рамзи бадӣ,
Душман буд.
 
Сада имрўз
Рў овардани мо сўи асолат бошад,
Боргирӣ зи тамаддуни қадим.
То ки дар кўрараҳи давру замон
Роҳро гум накунем,
Оташ афрўхт агар бегона
Хешро шохаи ҳезум накунем.
 
Сада, яъне ки ҳамон хешшиносӣ,
Сада, яъне ки асолат,
Сада, яъне ки ҳамин истиқлол
Сада, яъне ки ҳамин ваҳдати мост.
Садаи номиро
Оташи нусрати мост!
 
«Ѓазали сада»-и Муҳаммадалии Аҷамӣ равону оҳангин аст. Латофату нафосати баҳорро шоир аз Сада медонад. Дар воқеъ ҳамин тавр аст. Пас аз ҷашни Сада роҳ ба сўи баҳору Наврўз аст. Аз мутолиаи «Ѓазали Сада» хонанда гумон менамояд, ки он барояш ошно аст. Чунки хеле сода, самимӣ ва мардумӣ буда, дар воқеъ барои сурудан низ муносиб аст. Бидуни ҳеҷ мушикилот хонанда метавонад онро замзама намояд:
Аз Сада бедор мегардад баҳор,
Аз Сада саршор мегардад баҳор.
 
Аз Сада сад рўз ҳар гаҳ бигзарад,
Гулфишон такрор мегардад баҳор.
 
Дар аксари шеъри шоирон, ки ба Сада бахшида шудааст, устураҳои вобаста ба Сада, ки дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ омадааст, мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳар шоир устураву ривоятҳои марбут ба садаро ба таври хоси худ бо эҳсоси шоиронааш пешкаши хонандагон намудааст. Дар натиҷа образҳое, ки шоирон мавриди истифода қарор додаанд, хонандаро ба ҳамон устураву ривояти бостонӣ бо диди имрўз ошно месозад.
Шоир Толиби Луқмон шеъри худро «Суруди Сада» номидааст. Шеър равону дилнишин аст. Шоир эҳсоси худро нисбати Сада самимона баён намудааст. Ба дили хонанда зуд роҳ меёбад. Дар банди дуюм шеър ў аз нав дар кишвари тоҷикон эҳё гардидани Садаро хушнаво сурудааст. Дар шеъри эшон мисраҳои «Дирўз агар хору хасе сади раҳаш буд», «Оташ ҷаҳад аз чашму дили равшани тоҷик», «Пошем ба пои ҳама нақдинаи дилро» дилнишин аст. Байти охири шеър панди зарифи мардумӣ дорад: «Бар ҳурмати ин ҷашни ҷаҳонсоз бисўзем, Дар оташаки меҳр ҳама кинаи дилро». Шеърро пурра меорем:
 
Гулхан бифурўзед, ки ҷашни Сада омад,
Чун хушхабари нур ба зулматкада омад.
Дирўз агар хору хасе садди раҳаш буд,
Инак, ҳамаро яксара оташ зада, омад.
 
Чун меҳани Хуршед бувад меҳани тоҷик,
Оташ ҷаҳад аз чашму дили равшани тоҷик.
Сад шукр, ки ин гулхани ҷашни Сада аз нав
Имрўз фурўзон шуда дар маскани тоҷик.
 
Пошем ба пои ҳама нақдинаи дилро,
Шўем ѓубори рухи оинаи дилро.
Бар ҳурмати ин ҷашни ҷаҳонсоз бисўзем
Дар оташаки меҳр ҳама кинаи дилро.
 
Мақсад аз ин назари куллӣ ба ашъори баъзе шоирон, ки ба Сада бахшиданд, таҳқиқ ва таҳили муфассал нест, балки ёдоварие мебошад, ки шоирони мо бо таблиѓу ташвиқу баёни эҳсоси сиёсати худшиносии миллии кишвар дар канори Пешвои миллат ҳастанд. Онҳо низ қалам ба даст гирифта забон, фарҳанг, таърих ва дигар ҷашну оинҳои кишвару миллатро ситоиш намуда, барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҳисса мегузоранд.
То Истиқлоли Тоҷикистон дар ашъори шоирони муосири тоҷик оид ба Наврўзу баҳору сабза ҳамеша сурудаҳои меҳромез дида мешаванд. Вале оид ба Меҳргон ва Сада шеърҳо хеле кам буданд. Ба ѓайр аз мисраву байте дар осори шоире чизи дигаре ба назар намерасид.
Хушбахтона, пас Истиқлоли Тоҷикистони азиз, ба хусус пас аз эҳёи ҷашнҳои Меҳргону Сада дар таи чанд соли охир, шоирон низ дар ашъори худ кўшиш намудаанд, ки моҳияти ин ҷашнҳоро дар раванди худшиносӣ нишон бидиҳанд. Аз тариқи шеър ба дили хонандаи шеърдўсти тоҷик ҷашнҳои Садаву Меҳргону Наврўзро бештар ҷо кунанд. Воқеан ҳар се ҷашн бо гоҳшуморӣ ва гардиши такрори ҳарсолаи табиат пайванд аст. Ҳар се ҷашн бо кишоварзӣ иртиботи ногусастанӣ дорад. Ҳар се ҷашн ба таъмини зиндагии моддии ниёгони мо алоқаманд аст. Аз ин рў, месазад, ки шоирони тоҷик боз хубтару бештар онро ситоиш нмоянд.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj