Ҷашни Сада – баракати истиқлолият

Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди миллии мо дар садаи ХХ1 мебошад, ки ба шарофати он мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд рафт ва ҷумҳуриямон ба сифати як кишвари мустақили ягонаи демокративу дунявӣ шинохта шуд.

 Баъди расидан ба Истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гўшаи фаромўшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Ҳатто таърихи халқи тоҷик мукаммал омўхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин кишвари номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаву рўйдодҳои дигари гузашта маълумот надоштанд.

Бо шарофати Истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандўст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин, муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳимми хусусияти ватандўстона дошта, Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Дар баробари ин Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омўзиш ва тарѓиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрўза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд. 

Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандўстона омўзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷўҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриямон бо диди нав оѓоз шуд ва тайи ду даҳсола натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Махсусан, ҷиҳати шинохти миллати тоҷик, таърихи ниҳоят қадимаи он як қатор таълифоти илмӣ арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо барои таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омўзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омўзиши таърихи халқи худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо намуданд ва эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардид.

Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврўз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад. 

Доир ба ҷойгоҳи Наврўз ва Меҳргон ва нақши онҳо дар рўзгори мардуми тоҷик корҳои илмии арзишманд таълиф шуданд, аҳли ҷомеа таҷлили онҳоро ба хубӣ пазируфтанд ва ҳамасола дар мамлакат ин ҷашнҳо бо шукўҳу шаҳомат дар саросари диёри азизамон доир мегарданд ва хурду бузург дар тантанаҳои ҷашнӣ фаъолона иштирок менамоянд. Аммо оид ба ҷашни Сада дар кишвар асарҳои илмӣ ва оммавӣ андак буда, мақоми ин ҷашни миллӣ кам шарҳ ёфтааст ва таҷлили он низ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани ҷашни Меҳргон ишора карданд, ки: « … барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад». Муттассифона ба ин масъала кам аҳамият дода шуд. Вале бо боварӣ метавон гуфт, ки он имсол дар кишвар дар доираи суннатҳои ин ҷашни миллӣ ба таври хос баргузор хоҳад гашт.

Дар ин мақола кўшиш намудем, ки баъзе паҳлуҳои ин ҷашни ниёкон ва аҳмияти онро барои халқи тоҷик дар шароити кунунӣ равшан намоем ва иҷмолан доир ба пайдоиш ва таърихи ташаккули ҷашни Сада, ки вобаста ба Хуршед ва оташ аст, изҳори назар намоем.

Таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрўз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.

Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ў бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.

 Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рўшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш созанд. Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурўзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас, оташу рўшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мўъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, он намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид.

Дар баробари ин ниёгони пешини мо рўйи худро ба сўи оташ намуда, дастони худро ба сўи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рўзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврўз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногуни одамӣ барои рўзгори худ маросимҳо меофариданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамўи рўшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рўзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рўшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рўшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст» (Эмомалӣ Раҳмонов, «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», 2006, с.263).

Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рўшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оѓоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст.

Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама ба назари мо Хуршед ҷилвагар мешавад. Чунки бидуни Хуршед ҳаёт вуҷуд надорад. Маҳз ба воситаи рўшноии он тамоми мавҷудоти олами зинда дар ҳаракат аст. Инсонҳои замони бостон, ки ҳанўз нутқ надоштанд, дар канори тамоми мавҷудоти олам аз гармии Хуршед баҳра мебурданд. Баъд аз он ки инсон соҳиби гуфтор гардид ва андешаашро ифода мекардагӣ шуд, ки ин тахминан 40-50 ҳазор сол аст (ниг.: Старостин А.С. У человека был один праязык / Знание сила, 2003, №8) ба муҳити худ бо назари устураӣ менигарист. Ба таври комил намедонист, ки чаро Хуршед мебарояд, гармо ва сармо ҳаст ва ѓайра. Маҳз барои ҳамин аз ҳамон замонҳои бостон инсонҳои ҷомеаи ибтидоӣ, ки акнун дар бораи муҳити зисти худ меандешиданд, ба Хуршед эҳтироми зиёд доштанд. Онро муқаддас меҳисобиданд. Баракати зиндагии худро ба он пайваст медонистанд. Ҳамин буд, ки дар тамоми гўшаву канори дунё ба Хуршед, баъдҳо ҳамчун рамзи он ба оташ чун падидаи муқаддас эҳтиром мегузоштанд. Ба хусус дар он кишварҳое, ки дар он ҷо сармо бештар аст, чун рамзи Хуршед аз оташ гулхани хурду бузург афрўхта, дар гирди он шодиву сурур менамуданд. Ҳамчунин маҳз Хуршед аст, ки бар пояи рўшноии он дар рўи замин, одамон ба кишоварзӣ машѓул мешаванд. Бо самари кишту кори худ рўзгори хешро пеш мебаранд.

Донишманди машҳури англис Ҷеймс Ҷорҷ Фрэзер (1854-1941) дар бахшҳои ҷудогонаи яке аз китобҳои машҳури худ таҳти унвони «Шохаи тиллоӣ» ба таври муфассал дар бораи эҳтироми мардум ба оташ ва ҷашни оташ дар кишварҳои аврупоӣ ва дигар мамлакатҳо сухан мегўяд. Дар баробари ин чи гуна бо рўзгори мардум пайванд будани оташро шарҳ дода, ҷойгоҳи муҳим доштани онро дар ҳаёти моддию маънавии одамон равшан менамояд. Зимнан чун намоди ҷашнӣ ба кор рафтани оташро низ таъкид намуда, ишорат бар он менамояд, ки Оташ ин як навъ инъикоси рамзии Хуршед аз ҷониби одамон дар рўи замин аст (Фрэзер Дж. Золотая ветвь. Т.2. М., 2001, с.312-378).

Аз баррасии муфассали ин донишманд маълум мешавад, ки ҷашни Сада низ баробари оташ ба доираи эътиқоди одамони қадима ҳамроҳ буда, ба Хуршед рабти бевосита дорад.

Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Ҳурмузду Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони (ҳама [hama]) бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оѓози фарвардин (баробари 21-ум ва гоҳе 22-уми моҳи март) шурўъ шуда, то охири моҳи меҳр (баробари 22 октябр) идома меёфт. Дуюмиро зимистони (зайана [zayana]) бузург мегуфтанд, ки аз аввали моҳи обон (баробари 23 октябр) сар мешуд ва то поёни моҳи исфандро (баробари 20 март) дар бар гирифта, 150 рўз идома меёфт.

Ба гуфти бархе аз донишмандон ҳамин ки аз зимистони бузург сад рўз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рўзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурўзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рўзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад (Ниг.: Разӣ Ҳ. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Эрони бостон. Теҳрон, 1371).

Ҷашни Садаро дар даҳумин рўзи моҳи баҳман (баробари 29-30 январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рўз (обон, озар, дай ва даҳ рўзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рў, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрўхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сўзанду нобуд гарданд. 

Доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада назарҳои дигар низ мавҷуданд, ки барои равшан шудани мақсад аз онҳо ёдовар шудан аз манфиат холӣ намебошад.

Абурайҳон Берунӣ дар «ат-Тафҳим» доир ба ин ҷашн чунин ишора намудааст: «Сада чист? Обонрўз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рўз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рўзи даҳум аст ва миёни рўзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавз[чормаѓз]-у бодом ва гирд бар гирди он шароб хўранд ва лаҳву [бозӣ] шодӣ кунанд. Ва низ гурўҳе аз он бигузаранд, то ба сўзонидани ҷонварон. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ў то Наврўз панҷоҳ рўз аст ва панҷоҳ шаб...» (ат-Тафҳим 1973, с.145). Аз рўи ин маълумоти таърихӣ равшан мешавад, ки ин ҷашн дар миёни мардум аз замонҳои қадим маҳбубият доштааст ва ба он гузштагони мо эҳтироми хоса менамудаанд.

Доир ба таърихи ҷашни Сада Абулқосим Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома» ахбор пешниҳод намуда, қадимияти онро тасдиқ кардааст ва арзиши онро барои мардуми эронитабор муҳим донистааст. Шоир устураи Ҳушангро ба достони худ ворид карда, ба он ҷанбаи таърихию бадеӣ бахшидааст ва аз замони бостон будани ин ҷашн ишора кардааст. Фирдавсӣ менависад: 

Яке рўз шоҳи ҷаҳон сўи кўҳ,

Гузар кард бо чанд кас ҳамгурўҳ.

Падид омад аз дур чизи дароз,

Сияҳрангу тиратану тезтоз.

Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,

Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.

Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,

Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.

Ба зўри каёнӣ биёзид даст,

Ҷаҳонсўз мор аз ҷаҳонҷў биҷаст.

Баромад ба санги гарон санги хурд,

Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.

Фурўѓе падид омад аз ҳарду санг,

Дили санг гашт аз фурўѓ озаранг.

Нашуд мор кушта, валекин зи роз,

Падид омад оташ аз он санг боз.

Ҳар он кас, ки бар санг оҳан задӣ,

Аз ў равшаноӣ падид омадӣ.

Ҷаҳонро пеши ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳаме карду хонд офарин.

Ки ўро фурўѓе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ онгоҳ қибла ниҳод.

Бигуфто: «Фурўѓест ин эзадӣ,

Парастид бояд, агар бихрадӣ».

Шаб омад, барафрўхт оташ чу кўҳ,

Ҳамон шоҳ дар гирди ў бо гурўҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ў дигар шаҳриёр. (Фирдавсӣ 1987, с.53-54).

 

Устурае, ки Фирдавсӣ ба назм дароварда, дар қисми аввали достони худ бо он оҳанги таърихию бадеӣ бахшидааст, аз қадимияти ин ҷашни ниёкон хабар медиҳад. Аз рўи ишораҳои дигари Ҳаким Фирдавсӣ ҷашни Сада дар замони шоир маълум буда, мардум барои баргузории он интизорӣ мекашиданд ва онро таҷлил менамуданд:

Биҳиштам биёмад зи оташкада,

Чу наздик шуд рўзгори Сада. 

Аз ин ишораҳо маълум мешавад, ки Фирдавсӣ ба ин ҷашн эътиқоди хос доштааст ва ҳамчун маросими миллӣ аз он ифтихор карда, бо муҳаббат ва самимият дар бораи пайдоиши он нақл мекунад ва ҳамчун «фуруѓӣ эзадӣ» аз он парастиш мекунад. Дар ин таъкиди Фирдавсӣ падид омадани оташ, рўшноӣ муҷиби мубориза ба муқобили торикӣ буда, арзи ҳастӣ кардани ҷашни Сада воситаи хушҳолии мардум мебошад, ки бо ин роҳ онҳо шодию хурсандӣ мекунанд, ба ҳамдигар таманниёт орзу менамоянд ва кинаву адоватро аз худ дур намуда, ҳамаи онро ба оташ мепартоянд ва ҳамчун зуҳури аҳриманӣ аз ботинашон дур месозанд. Ин рукнҳо баъдҳо ба анъанаи миллӣ табдил ёфта, ташаккул меёбанд ва дар байни халқ ҷойгоҳи хосро пайдо карда, дар хотираи таърихию фарҳангиашон ворид мешаванд ва то ба имрўз идома меёбанд.

Дар рисолаи «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсӣ-тоҷикӣ» (Душанбе: Дониш, 1999, с. 105-106) мо низ доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва устураи Ҳушанг маълумот дода, таъкид кардаем, ки як омили падид омадани «оташ» дар тафаккури асотирии мардуми эронитабор аз таассуроти одамони ибтидоӣ бо табиат сарчашма мегирад ва қисме аз онҳо дар аввал ҷанбаи парастишӣ гирифта бо гузашти замонҳо ва иваз гардидани тафаккури эҷодию зеҳнӣ  ба таркиби оину ҷашнҳои миллӣ (ба мисли ҷашни Сада ва Меҳргон ва амсоли онҳо) ворид шуда, ба маросим табдил меёбанд.

Вобаста ба ин таъкид карда будем, ки: «Дар сарчашмаҳои оиниву устуравии мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон аввалин андешаву орзуҳои мардум ифода ёфтаанд, ки дар ҳар кадоми онҳо рамзи таассуроти нахустин халлоқони олам инъикос шуда, баъдтар тавассути мазҳабҳои мухталлифи миллӣ ва дигар манбаъҳои хаттӣ пояи устувор пайдо кардаанд. Устураҳои миллии халқҳои эронитабор маҳз дар ҳамин сарчашмаҳо ҷой гирифта, аз ҳамин роҳ ба фарҳанг ва адабиёти бадеӣ шомил гардидаанд».

Дар ҳақиқат устураи Ҳушанг ва пайдоиши оини Сада баъдҳо хусусияти милливу маросимӣ гирифта, ба қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ ворид шуд ва дар миёни мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон мақому манзалати хос пайдо намуд, ки аксари шоирони пешин ва сарчашмаҳои таърихӣ аз тарзи баргузорӣ ва арҷ гузоштани он аз ҷониби шоҳон ва аҳолӣ ахбори зиёде ба ёдгор мондаанд.

Оид ба истилоҳи «сада» низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад, ки: «Сада вожаи форсӣ аст. Дар паҳлавӣ бояд ба шакле аз ин ашкол: сат [sat], сатаг [satag], садҳаг [sadhag], садҳ [sadh], сата [sata] буда бошад. Дар арабӣ ба сурати сазақ ё садақ китобат ва талаффуз мешавад. Маъмулан, вожаҳое, ки аз форсии миёна ба форсии ҷадид даромада ва ба «ҳо»-и ѓайри малфуз хатм мешаванд, дар асл ба ҳарфи «гоф» ё «коф» тамом мешуда. Ҳамчунин ҳарфи «т» дар паҳлавӣ, дар форсии ҷадид ба «д» ва дар арабӣ ба «зол» табдил мешавад. Дар форсии миёна ва форсии бостон ва Авасто ба ҳар ҳол вожаи сата ба маънии сад, адади сад мебошад, чунонки дар форсӣ низ сада ба маънии сад сол дар баробари қарн ба кор меравад». (Ризо Ҳошим. Ҷашнҳои оташ ва меҳргон. Теҳрон, 1383, саҳ.99)

Дар бораи Сада дар Луѓатномаи Деҳхудо чунин омадааст: «Сада. Аз сад+а, бадал аз фатҳаи охир (пасаванди нисбат). Луѓатан ба маънии мансуб ба шумораи сад. Дар бораи иллати интисоби ин ҷашн ба шумораи мазбур гуфтаҳои бисёр овардаанд… Номи рўзи даҳум баҳманмоҳ аст ва дар ин рўз форсиён ид кунанд ва ҷашн созанду оташи бисёр афрўзанд ва мулук ва салотини эшон мурѓон ва ҷонварони саҳроиро гирифта, дастаҳои гиёҳ бар пои эшон баста дар он гиёҳ зананд то дар ҳаво бипаранд ва дар саҳро бираванд ва ҳамчунин оташ дар кўҳу саҳро зананд (Деҳхудо, соли 1373, с.11920).

Дар «Ѓиёс-ул-луѓот»  оид ба ҷашни Сада чунин шарҳ омадааст: «Сада дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муѓон, ки ба рўзи даҳуми моҳи баҳман бошад; ва ба зам ва ташдиди дол (яъне судда) дар арабӣ ба маънии остона ва ба маънии гиреҳ монанди чизе, ки дар рўдаҳо ё дар рагҳо дарояд ва роҳи онро банд намояд (аз «Бурҳон» ва «Латоиф» ва «Суроҳ» ва «Рашидӣ» ва ѓайри онҳо); ва дар «Сироҷ» навишта, ки сада (ба фатҳатайн) даҳуми рўзи баҳман; чун дар ин рўз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст ба адади сад расида, лиҳозо рўзи ҷашн муқаррар шуда; ва лафзи сад дар асл бо сини маҳмала аст, ки ҳоло ба сод машҳур шуда» (ниг.: Муҳаммад Ѓиёсуддин. Ѓиёс-ул-луѓот. Душанбе: Адиб, 1987, с.417).

Дар аксари луѓатномаҳо ҳамин маънии болоро тарафдорӣ намудаанд, аммо устурашинос Меҳрдоди Баҳор вожаи садаро ба таври зерин шарҳ додааст: «Тавҷеҳи он бо адади «сад» иштиқоқи омиёна аст, чунонки панҷоҳ рўз ва панҷоҳ шаб монда ба Наврўзро сада фарз кардаанд. Ба гумони ман сада аз решаи санди (sand) авестоӣ аст ба маънии «зоҳир шудан» (Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381, с.354). Шояд ин таъкиди донишманд асос дошта бошад, вале моҳияти мафҳуми Сада асосан ба тақвими пешиниён алоқа буда, наздик шудан ба Наврўз ва аз зимистони бузург гузаштанро ифода менамояд ва ба рамзҳои оташ, Хуршед ва рўшноиву торикӣ алоқаманд буданро бештар дар худ таҷҷалӣ менамояд. Ба маънои дигар, Сада хоси эътиқодоти одамони пешин буда, дар он ормонҳои ибтидоии гузаштагон ниҳон мебошад.

Барои он ки хонандагони гиромӣ асли матлабро дарк намоянд, ба чанде аз устураҳои машҳур муроҷиат менамоем, ки дар он аз ҷашни Сада хотировар шудаанд.

Дар устураи «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада аз ҷониби Ҳушанг» омадааст, ки: «Яке аз рўзҳо шоҳи ҷаҳон Ҳушанг бо чанд тан ҳамгурўҳи худ ба сўи кўҳ рафт ва аз ҷое гузар мекард, ногоҳ чашмаш ба чизи дарозе бархўрд. Он чиз дароз, сияҳранг, тиратан ва тезтоз буд. Аз ду чашмаш, ки дар ду бари сараш буд, гўё чашмаи хун мерехт. Даҳонаш чунон дуд мекард, ки гўё аз он ҷаҳон тира мешуд. Вай мори сиёҳи бадҳайбате буд. Шоҳ Ҳушанги боҳуш ба он нигаҳ кард ва ҳамон замон пешдастӣ карда, як сангеро гирифту ба сўи он партофт. Вале мори ҷаҳонсўз биҷасту гурехт ва санги хурди партофтаи шоҳ ба санги калони дигаре бархўрду ҳар ду санг бишкастанд ва ялаққос равшанӣ доданд.  Агарчи мор кушта нашуд, вале аз он сангҳо оташ ба вуҷуд омад. Пас аз он ки ҳар кас бар санг оҳан мезад аз он равашанӣ бармеомад. Ҳамаи ононе, ки ҳамгурўҳи Ҳушанг буданд ниёиш мекарданду ба ў офарин мегуфтанд, ки яздон ба вай чунин фурўѓе ҳадя намуд. Аз он замон ба баъд ҳамин оташ қиблаи онҳо шуд ва гуфтанд, ки «ин фурўѓи эзадӣ аст, агар ҳар кӣ бихрад аст, онро бояд парастад». Шаб омад, он оташро чун кўҳ барафрўхтанд. Ҳушангшоҳ дар гирди он бо ҳамон гурўҳи худ як ҷашни бузурге барпо намуду хушҳолӣ ва боданўшӣ кард. Аз он замон номи он ҷашни фархундаро Сада номиданд. Ин буд, ки аз Ҳушанг ҷашни Сада ба ёдгор боқӣ монд».

Дар устураи «Адади фарзандони Одам» низ доир ба таърихи ҷашни Сада ишора рафтааст: «Мегўянд Каюмарс, яъне Одам, ки нахустин инсон буд, сад фарзанд дошт. Панҷоҳ нафари онҳо аз ҷинси зан ва панҷоҳи дигар аз ҷинси мард. Замоне, ки онҳо ба балоѓат расиданд, он рўзро ҷашн гирифтанд ва ҳамаи онҳоро соҳиби хонаву ҷой карданд. Сипас шоҳ фармуд, ки оташи бисёр афрўзанд ва ҷашн гиранд. Аз ин рў он ҷашнро Сада меноманд». Ба ин устура дар «Бурҳони қотеъ», «Ѓиёс-ул-луѓот», «Луѓатномаи Деҳхудо» ва манобеи дигар низ ишорат шудааст.

Дар устураи «Шаби пирўзӣ бар Заҳҳок» низ доир ба пайдоиши ҷашни Сада ахбор омада, дар ин ҷо асосгузори Сада Фаридун муаррифӣ шудааст. Ин устура низ хеле машҳур аст. Дар сарчашмаҳои гуногун дида мешавад. Аз ҷумла, Берунӣ ин матлабро ҳам дар «ат-Тафҳим» ва ҳам дар «Осор-ул-боқия» муфассалтар баён менамояд: «Ва эрониён пас аз он ки кабс аз моҳҳои эшон бартараф шуд, дар ин вақт мунтазир буданд, ки сармо аз эшон бартараф шавад ва давраи он бекор гардад, зеро эшон оѓози зимистонро аз панҷ рўз, ки аз обонмоҳ бигузарад, мешумурданд. Ва охири зимистон даҳ рўз, ки аз баҳманмоҳ мегузашт, мешумурданд. Ва аҳли Караҷ ин шабро – «шаби газана» мегўянд, яъне шабе, ки дар он газидан зиёд аст. Ва мақсудашон ин аст, ки сармо шахсро дар ин шаб «мегазад». Гуфтаанд: сабаб ин ки дар ин шаб оташ бардошта мешавад, ин аст, ки чун Заҳҳок қарор гузошта буд, ҳар рўз ду нафар биёваранд ва барои море, ки ба дўши ў буд, димоѓи онҳоро ѓизо қарор диҳанд. Ва шахсе, ки муваккал ба ин кор буд, пас аз омадани Заҳҳок ба Эрон, Измоил ном дошт. Ва ин шахси муваккал яке аз ин дуро озод мекард ва тўшае мебахшиду ўро амр мекард, ки ба қисми ѓарбии кўҳи Дамованд сокин шавад. Ва дар он ҷо бираваду барои худ хонае бисозад. Ва дар ивази ин шахси озодшуда ба ду мори сари китфи Заҳҳок димоѓи қўчқоре мехўронид. Ва ин димоѓро бо димоѓи як нафари дигар, ки кушта мешуд, махлут мекард. Ва чун Фаридун Заҳҳокро гирифт, Измоилро ҳозир кард ва хост, ки ўро «подош бахшад». Измоил ашхосеро, ки аз қатл боздошта буд, Фаридунро хабардор кард. Ва як расул аз Фаридун хост, ки ба кўҳи Дамованд биравад, ки то ҳақиқати масъаларо ба Фаридун бирасонад. Ва чун Измоил ба кўҳи Дамованд расид, озодшудагонро амр кард, ки бар пушти бомҳои худ ҳар як оташе биафрўзанд, то шумораи эшон зиёд ба назар ояд. Ва ин воқеа дар шаби даҳуми баҳманмоҳ буд. Ва фиристодаи Фаридун гуфт: «Чи қадар хонаводаҳо, ки ту озод кардӣ! Фиристода аз он ҷо баргашту Фаридунро аз он чӣ дида буд, хабардор кард. Ва Фаридун аз шунидани ин воқеа хеле масрур шуд ва худи ў ба кўҳи Дамованд рафту озодшудагонро дид. Сипас Измоилро ҷузви наздикони худ гардонид. Ва Дамовандро тобеи ў кард ва ўро ба тахте зарин нишонид. Ва номашро Масмаѓон гузошт». (Берунӣ. Осурулбоқия. Душанбе: Ирфон, 1990, с.250-251).

Чунин устураҳо ва ривоятҳо дар бораи ин ё он воқеа ва ҳодисаи замони бостон, то рўзгори мо дар шаклҳои мухталиф расидааст. Ҳамаи ин устураҳоро баъдҳо ховаршиноси машҳури даниягӣ Артур Кристенсен мавриди омўзиш қарор медиҳад. Вай дар доираи таъкиди олимони шинохтае мисли В.Маннҳардт, Э.Вестермарк ва Е.Монгк ва Фрэзер доир ба масъалаи ҷашни оташ ва муқаддас донистани он изҳори назар менамояд. Ба гуфти эшон дар бораи ҷашни оташ дар байни пажўҳандагон солҳо ду ақида идома дошт. Яке ин буд, ки оташ тамоми неруи зиёноварро бо афсуну ҷоду месўзонад ва дигаре ин ки неруи бештар ба Хуршед мебахшад, яъне оташ тақлиде аз Хуршед аст. Баъдҳо Фрэзер бо далелҳои илмӣ собит менамояд, ки оташ тақлиде аз Хуршед будааст. А.Кристенсен вориди ин баҳсҳо шуда ишорат бар он менамояд, ки он ба кишварҳои аврупоӣ, ки дар он ҷо сармо бештар аст дуруст аст. Вале барои сарзаминҳое ба мисли Эрон, ки обу ҳавои муносиб ва тобистонҳои гарм доранд, ҳосили замин пеш аз ҳама ба Хуршед ва борон вобаста аст. Дар ин кишвар эҳсоси камбуди Хуршед нест. Аз ин рў дар ин кишвар неруи поксозии оташ эҳтимолан танҳо ангезаи ҷашни оташ аст. Ба гуфти Маннҳардт оташ василаи поксозии ибтидоӣ ва аз ин ҷиҳат муассиртар аз об аст. Ҷашни Сада чанд ҳафта пеш аз расидани баҳору наврўз аст, ки эронитаборон ба ин муносибат дар кўҳҳо марѓзорҳо оташ меафрўзанд, то мазореъ ва чарогоҳҳоро барои тобистон пок созанд. Рўиши фаровони гиёҳҳо ва беҳрўзии одамиён ва ҳайвонотро таъмин намоянд. А.Кристенсен ба таври муфассал ҷашҳои оташеро, ки дар Эрони бостон будааст ва то имрўз нишонаҳои он дар байни мардум аст мавриди баррасӣ қарор дода, ба чунин натиҷа мерасад, ки ҷашнҳои гуногун вуҷуд дошта, яке ба дигар пайванд будааст (ниг.: Кристенсен А. Нахустин инсон ва нахустин шаҳриёр. Теҳрон, 1377, с.212-225).

Аммо дар ин ҷо боз ба андешаи устурашиноси номдор Меҳрдоди Баҳор бармегардем, ки эшон ба таври мушаххас назари худро дар мусоҳибаҳои худ гуфтааст. Ба гуфти эшон ҷашни Сада марбути зардуштиён нест, вале онҳо ҳоло таҷлил менамоянд. Муддате дини зардуштӣ ҷашни Меҳргон ва Наврўзро мепазирад, вале иди Садаро ки чун ҷодуӣ менигоштанд, вориди дин накарда буданд (ниг.: Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381, с.353).

(идома дорад)

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,

академики АИ ҶТ,

Равшан РАҲМОНӣ

профессори ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj