Ҷойгоҳи таърих

 Маънои ибтидоии калимаи «таърих» аз вожаи юнони «historia» бармеояд, ки ба маънои «таҳқиқ» (шинохтан), «донистан» «муқаррар кардан», («равшан кардан») аст. Бадин тариқ, «таърих» бо тарзи донистану шинохтан, муқаррар кардани асли рўйдодҳову ҳақоиқ яке шумурда мешуд. Вале дар таърихнигории Рум ин калима маънои дувуми худро ёфта, дигар на ба тарзи шинохту огоҳёбӣ, балки ба чизҳои донисташудаву шинохташуда нисбат пайдо карда, нақлу ҳикоят дар ҳаводиси рўзгорони гузаштаро ифода мекард, яъне маркази сақл аз таҳқиқи воқеаҳои кўҳан ба нақлу ҳикояте  дар бораи ҳар ҳодисае, ҳар моҷарову саргузаште, чи воқеъи бошад ва чи сохтаву пардохта, номи «таърих» ниҳодан гирифтанд (Парг М.А.Шекспир и история, 2-е изд..М: 1979.С.23).

Дар даврони Эҳё маънои савуми мафҳуми «таърих» ба вуҷуд омад, ки навъе аз адабиётеро ифода мекард, ки вазифаи хоси он муқаррар ва сабт намудани ҳақиқат будааст. Ҳар се тарзи муайян кардан ва мутобиқан навиштани таърих салоҳияту дурустии худро ба исбот расонданд, зеро ҳар се то замони ҳозир паҳлуи ҳам вуҷуд доранд. Вале  гуногунӣ ва зиддиятнок  будани тарзҳои маърифати таърихӣ аз ҳамон оѓоз таъйини ҷойгоҳи таърихиро дар системаи улум душвор сохта буд. 

      То аввалҳои садаи XX ин масъала дар заминаи тарҳрезиҳои куллии табақабандии дониш ҳаллу фасл мешуд. Дар ин маврид баррасии тарҳҳои табақабандии улум ба андозаи зиёд ба далелҳову шавоҳиди ҷамъоварда дар  асарҳои Кедров Б.М." Классификация наук"(. В. 2-х. кн. М.; Мысль, 1961-1965) ва Шамурин Е.И." Очерки по истории библиотечно- библиографический классификации."( В 2-х.т. М.; Изд-во, Всесоюзной книжной палаты, 1955-1959.)    баёни худро ёфтааст. Асосҳои ин тарҳҳо, ки беш аз ду ҳазорсола дар Аврупо мавриди истифода буд, (ҳаммонанди бисёре дигар) ҳанўз аз тарафи Афлотун (428-27-348-47 пеш аз милод) таҳия шуда буд. Равишҳои ба миён ниҳодаи ў, асосан пояи тасаввуроти баъди дар бораи табақабандии улумро (ҳеҷ набошад дар фарҳанги Аврупо ва қисман араб) ташкил медиҳанд. 

     Инсоният дар асри ХХ  ва  ибтидои асри ХХ1  дар омўзиши таърихи хеш ба дастовардҳои  муҳимтарини илмӣ ноил гардидааст. Тавассути  пораи илми ёрирасони таърих-бостоншиносӣ  мушаххас намудааст, ки  ҷомеаи инсонӣ  2500 млн  сол  қабл  ба вуҷуд омада, то имрўз  зина ба зина (бо ибораи муаррихон давра ба давра) таҳаввулоти  иҷтимоӣ- иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро паси сар намуда, анатомияи (сиришти) онро куллан таѓийр додаанд. Ҳарчанд  дар таснифоти донишҳои инсонӣ андешаҳои  ихтилофи ҳамдигар дар мавзўи  илми таърих  вуҷуд дорад. Маълум аст, ки   оѓози таърихро аз ривояту достонхо шурўъ намуда , бо тасалсул (хронология, санагузорӣ) ва оқибат ба таърихнигори шарҳи (интерпретатсияи) воқеаҳои дар замону макони таърих ба вуҷуд омада баҳогузорӣ мекунанд.  Баҳси  мавзўи мазкур  таърихи тўлонӣ дорад. Равшан аст, ки  таърих то ба илм табдил ёфтанаш  садсолаҳоро  пушти сар кардааст. Манзури мо ин  аст, ки  илми таърих  дар ин муддати тўлонӣ  дар омўзиш  ва таҳқиқи  объекти хеш  соҳиби метод (усул, равиши таҳқиқ) ва предмет (фан)  гардид. Ба қавли муаррихони рус «Ҳарчанд ки равиш (метод) вуҷуд дошта бошад, ҳамон қадар илм вуҷуд дорад ё илмҳо ҳамчанди равишҳои илмианд». Аслан, масъалаи метод ва методологияи илми таърих  ҷавҳари  фанҳо ( предметҳо)-ро ташкил медиҳад.Чи қадаре, ки ба  умқи  маърифати  мавзўи мазкур ба тариқи  назариявӣ (теоретикӣ) сару кор гирем, ҳамон миқдор фаҳми илми таърих  равшан  мегардад.  Муҳим он аст, ки қиёси донишҳои таърихиро  ба ҳайси шакли хоси инъикоси воқеият равона месозад. Дар ин маврид дар илми таърих  услуби диалектикӣ - материалисти объективият, инкишоф, робитаи кул, таърихият, мантиқият ва гузаштан аз абстракт ба конкрет  истифода мегардад. Дар илми таърих  диалектикаи муносибати объект ва субъекти маърифат хислати мураккабро гирифта, дар  ҷараёни эҷоди мустақилонаи  таҳқиқи воқеаҳои гузаштаи таърихӣ ба муаррих - таҳқиқотчӣ  кумаки амалӣ мерасонад. Дастранҷии маърифати таърихӣ бевосита аз объекти таҳқиқшаванда бармеояд. Таърих - илми синтетикӣ (таркибӣ) буда,   дар маҷмўъ инкишофи ҷомеаро  меомўзад. Лаҳзаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷамъияти дар навбати дувум ва сеюм қарор мегиранд. Аз замони пайдоиш «таърихи сиёсӣ», «иқтисодӣ», «муносибатҳои байналхалқӣ», “таърихи фарҳанг» ва дар шароити имрўза «таърихи  муносибатҳои маҳрамона», “гендерӣ» ва дигар мавзўъҳо  объекти таҳқиқоти  илми таърих қарор гирифтаанд. Бинобар он дар  навбати аввал  илми таърих    раванди муайяни инкишофи ҷомеаро  омўхта  аз илмҳои ҷомеашиносӣ: иқтисодиёт, назарияи давлат  ва ҳуқуқ, эстетика, лингвистика, махсусан, сотсиология ва сиёсатшиносӣ фарқ  дорад. Дувум фарқият он аст, ки объекти таърих  дар мадди аввал  гузашта  мебошад,  дар айни замон вуҷуд надорад, яъне аз саҳнаи таърих берун аст. Ҳамин тавр  илми таърих ба методи (усули) таҳқиқоти хос дар доираи  таснифоти (классификатсия) донишҳои инсонӣ бомаврид  ворид гардид. Бояд таъкид кард, ки илми таърих дар ҳар давру замон дар хизмати  сиёсати замон қарор  дорад. Яъне воқеаҳои рухдодаи  таърих ба зимомдорон ҳушдор медиҳанд, ки  аз натоиҷи   ба амал омадаи онҳо  сабақ гиранд, андешанд ва хулосаи амиқеро барои оянда биандешанд. Зеро илми ояндашиносӣ вуҷуд надорад.

Р. Шарифов,

декани факултети таърих

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj