11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2001: ВОҚЕИЯТ Ё МИФ

«11 сентябри соли 2001- воқеият дорад, аммо ҳақиқат надорад»

Таърихи сиёсиро ба он шакле, ки зарур аст ба он тарз менависанд. Он метавонад инъикоси ҳақиқат ё таҳрифи воқеият бошад. Ба ҳар шакле бошад, хонанда онро ҳақиқат гумон карда, ба он эътимод мебандад. Таърихнигорӣ амали субъективӣ аст, зеро он бо ғарази субъект-муҳаққиқ пайвандӣ дорад. Ҳаводис ва воқеаҳои гузаштаро бояд тибқи муқобилгузории алтернативаи маълумотҳо омўзиш намуд. Санаи 11 сентябри соли 2001 барои ҳамагон маълум аст, он дар китобҳо ва навиштаҳои гуногун дарҷ ёфтааст ва он ҳамчун таърих ёд мешавад. Бозбинии санаи мазкур сабаб мешавад, то таърихи сиёсӣ аз нав дида баромада шавад, зеро башарият таърихро бо масири хато маърифат намуд. Шустушўи фазои иттилоотӣ ва дезинформатсия,  фаъолияти иттилоотӣ ва замонро талаб менамояд. Неруҳое, ки аз чунин ҳолат манфиатдоранд, талош менамоянд, то чунин фазои иттилоотиро ҳифз намоянд, чунки барои онҳо ҳақиқат муҳим набуда,  ҳамон ҳолати фазои иттилоотии қаблӣ ба манфиати кори онҳост.  Вобаста ба матлаби боло ҳодисаи ёздаҳуми сентябр ба таври муқобилгузорӣ ва алтенативаи маълумотҳо баррасӣ мешавад. 

Амалиёти террористии 11 сентябри соли 2001 маҷмуи чаҳор амали террористии ҳамоҳангшуда мебошад, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом дода шуд. Чаҳор гурўҳи террористҳо(ҳудуди 19 нафар), ки бо «ал-Қоида» робита доштанд, чаҳор ҳавопаймои мусофирбарро( 2-то Боинг 767-200 ва 2 –то Боинг 757-200) тасарруф карданд. Ҳавопайморабоҳо дуто аз ин ҳавопаймоҳоро ба самти Маркази савдои ҷаҳонӣ, ки дар қисмати ҷанубии Манхэттен дар Ню-Йорк ҷойгир буд, равона намуданд.  Рейс 11 American Airlines  дар бурҷи Маркази савдои ҷаҳонӣ – 1(шимолӣ) ва рейс 175 United Airlines дар бурҷи Маркази савдои ҷаҳонӣ – 2(ҷанубӣ) бархурд. Ҳавопаймои сеюм  (рейс 77 American Airlines) ба самти бинои Пентагон, ки на он қадар дуртар аз Вашингтон ҷойгир буд, равона карда шуд. Ҳавопаймои чаҳорум  (рейс 93 United Airlines) дар иёлоти Пенсилвания ба замин афтид. 

Дар натиҷа се бинои Маркази савдои ҷаҳонӣ хароб гардид. Бурҷи ҷанубӣ(МСҶ-2) баъди сўхтор дар замони 9:56, бурҷи шимолӣ баъди 102 дақиқаи фоҷиа вайрон гардиданд. Иншооти сеюм, бурҷи Маркази савдои ҷаҳонӣ 7 дар соати 17: 20 дар натиҷаи таркиши газ ва пайомадҳои сўхтор хароб гардид. Қурбониёни амалиёти террористӣ 2977 инсонро ташкил дода, аз он 246 мусофир ва ҳайяти сарнишинони ҳавопаймоҳо буда, 2606 нафар дар Ню-Йорк ва биноҳои Маркази савдои ҷаҳонӣ ва дар замин, 125 нафар дар бинои Пентагон қурбон шуданд. 

Ҳодисаи мазкур падидаи терроризмро дар афкори иҷтимоӣ, санаду ҳуҷҷатҳои муҳим, баромадҳои шахсиятҳои маъруф, садову симо, доираҳои илмӣ нақшбандӣ намуд, ки то ҳоло он аз ин ҳаёти мардум дур намешавад.   Расонаӣ кардани падидаи терроризм ва ба баҳсҳои калон кашидани зуҳуроти мазкур ба масъалаи доғи рўз ва рўзмарра табдил ёфт. Ҷомеаи амрикоӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вабои нави аср рўбарў гардид. Иттиҳоди Шўравӣ ҳамчун империяи «бадӣ» аз миён рафт, таҳдидҳои он нобуд гардиданд, вале баъди як даҳсола ҷомеаи амрикоиро хатари нав таҳдид менамояд, ки он «терроризм» аст. 

Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шўравӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рақиби худро дар миқёси байналахалқӣ ҷустуҷў мекард. Амрико ҳамчун империяи «хубӣ», ҳомии демократия, озодӣ ва ҳуқуқи инсон тавассути шакл додани душман дар хориҷ аз кишвар ҷомеаи амрикоиро идора менамояд. Бе ташаккули додани душмани берунӣ идораи ҷомеаи амрикоӣ номумкин аст ва бояд ба таври доимӣ самти дидгоҳи афкори ҷамъиятӣ дар ИМА ба хориҷ аз кишвар равона шуда, проблемаҳои дохилиро сарфи назар намояд. Ба ин хотир, С. Ҳангтингтон ҳамин гуна душман ё ҳарифи эҳтимолиро дар симои ислом ва тамаддуни исломӣ дидан мехост. Ба ин хотир, моҷароҳои оянда дар марзҳои тамаддунӣ ва махсусан Ғарб-Ислом ба вуҷуд меоянд. «Бархўрди тамаддунҳо»- и С. Ҳангтингтон баъди ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 аҳамияти махсусро касб намуд. То ин дам доир ба эҳтимолияти бархўрди тамаддунҳо ҳарф мезаданд, ҳоло бошад он хосияти амалиро касб намуд. 

Иқдоми навбатие, ки сурат гирифт, ин шакл додани «терроризми исломӣ» дар дохили тамаддуни исломӣ маҳсуб мешавад. Ба вуҷуд омадани падидаи бунёдгароии исломӣ, исломи радикалӣ, исломи муътадил пайомади тақсимнамоии ислом маҳсуб мешавад. Баъди 11 сентябри соли 2001 аввал, ҷанг алайҳи тамоми ҷаҳони ислом эълон гардида, баъди чанде мулоҳизаронӣ он танҳо нисбат ба бунёдгароёни исломӣ ва исломи радикалӣ равона шуд. Вале бояд қайд кард, ки нобуднамоии гурўҳи террористӣ дар шароите ба вуҷуд оварда шуд, ки исломиёни муътадил ба гурўҳҳои террористӣ пайвастанд. Дар раванди мубориза бо гурўҳҳои террористӣ аҳолии осоишта нобуд гардида, ҳолати ҳаёти мардумро дар ивази халоси аз зулми террористон табоҳ карданд. Нобуднамоии террористон ин танҳо як васила ва баҳона буда, тавассути он ба ҳадафҳои дарназардоштаашон мушарраф мешаванд.  

Сиёсати амрикоӣ дар масъалаи шакл додани раванди сиёсии ҷаҳонӣ дар зимни манфиатҳои миллӣ ва геополиткӣ ва ба вуҷуд овардани манзараи сиёсии ҷаҳонӣ дар мақоми аввал меистад. ИМА аз воситаҳои мухталиф баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва ҳифзи қудрати ҷаҳониаш истифода мебарад. Воситаи серистеъмоли ИМА дар низоми кунунии олам баҳри ҳадафҳои геополитикӣ ин истифода аз «омили исломӣ» мебошад, ки ба таври ғаразнок истифода мешавад. Бояд қайд кард, ки 11 сентябри соли 2001 ин амали ягон гурўҳҳои террористӣ набуда, маҳсули амали мақомоти махсуси амрикоӣ мебошад. Ба ин васила дар симои гурўҳҳои муайян имиҷи душманӣ тарошида назари ҷомеаи амрикоиро нисбат ба онҳо бад нигоҳ медоранд. Ташаккул додани афкори ҷамъиятии амрикоӣ барои ҳукумати ИМА арзиши аз ҳама муҳим ба ҳисоб меравад, зеро бе пуштибонии афкори ҷамъиятӣ ҳукумати ИМА оянда надорад. Аз як ҷониб, аз тарафи элитаи амрикоӣ равандсозӣ сурат мегирад ва аз ҷониби дигар водор менамоянд, то ҷомеа ба он бовар дошта бошад. 

Дар сиёсат ҳеҷ чиз худ ба худ ба вуҷуд намеояд. 11 сентябри соли 2001 низ истисно нест. ИМА бо ин бузургӣ ва тавоноиаш мегузорад, ки ҳавопаймоҳо рабуда шаванд ва онҳо масири ҳаракатро вайрон карда, ба биноҳои Маркази савдои ҷаҳонӣ бархўранд? Баъдан, тибқи гуфтаи муҳандисони ҳамин иншоотҳо, биноҳои мазкур тавонии зарбаи на як, балки чор-панҷ ҳавопайморо доштанд. Аммо ин аниқ аст, ҳеҷ ҳавопаймое  ба бинои Маркази савдои ҷаҳонӣ ва Пентагон барнахўрдааст. Бурҷи 1 ва 2 Маркази савдои ҷаҳонӣ ба тарзи таркиши идорашаванда бо истифода аз моддаи таркандаи термит хароб карда шуд. Чунин усулҳоро ҳангоми нобуд кардани биноҳои баландошёна васеъ истифода мебаранд. Он тибқи амудӣ ва афтиши озод сурат мегирад. 

Спектакли 11 сентябри соли 2001 чунон ба амал оварда шуда буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он бовар карданд. Тариқи боваркунонии омма тавассути ВАО, махсусан телевизион хуб ба роҳ монда шуда буд. То ҳанўз ҳам фазосозии даҳ сол қабл анҷомшударо аз афкори оммавӣ тоза карда, ба ҷои он ворид кардани иттилооти нав амалӣ карда намешавад. Версияе, ки ҳукумати амрикоӣ нисбат ба ин ҳодиса пешкаш намудааст, агар ягон иттилооти нав дурўғ пиндорад, онро ҳукумати амрикоӣ дезинформатсия мехонад ва сарчашмаи иттилоотро дар халалдоркунии фазои иттилоотӣ гунаҳгор менамоянд. Саҳнаи 11 сентябр чунон намоиш дода шуд, ки то кунун дар доираиҳои илмӣ онро тибқи версияи ҳукумати амрикоӣ қабул доранд. 

11 сентябри соли 2001 нуқтаи ибтидоии моҷарои Ғарб-Ислом дар қарни навро гузошт. Амрико ҳариф, рақиб ва душмани худро дар симои «терроризми исломӣ» шакл дод. Стратегияи «Асри нави амрикоӣ» дар қарни ХХ1 дар атрофи ҳамин падида, яъне терроризм шакл  мегирад. То кунун ҳар моҷаро ва ҷанге, ки дар арсаи байналахалқӣ дар дохили ҳар кадом кишвар рух додаст, бевосита ва пайваста бо падидаи терроризм пайвастагӣ дорад.  Баъди ин ҳодиса аз худи ҳукумати Амрико сар карда, то кишварҳои дигар мубориза бо терроризмро тақвият бахшиданд ва санадҳои мухталиф доир ба мубориза алайҳи терроризмро қабул намуданд. 

«Юриши нави салибӣ» алайҳи кишварҳои исломӣ бо баҳонаи боздошт ва нобуд намудани саркардагони терроризм ва ташкилкунандагони фоҷиаи 11 сентябр бо сарварии ИМА оғоз гардида, кишварҳои дигар аз он ҳимоят карданд. ИМА бо баҳонаи мубориза алайҳи терроризм ба хоки Афғонистон ворид шуд ва контингенти қушунҳои кишварҳои дигар низ дар Афғонистон ҳузур пайдо карданд.  Дар ивази ҷони 2977 қурбоншудаи 11 сентябр зиёда аз 2 млн одамро дар хоки Афғонистон нобуд карданд ва хисороти вазнине барои ин кишвари ақибмондаи ҷангзада ба бор оварданд.  Дар таҳти мифи терроризм аксияи ҳарбии ИМА алайҳи Ироқ роҳандозӣ шуд. Дахолати ҳарбии ИМА алайҳи Ироқ бо сарнагунии Саддом Ҳусейн анҷом ёфт, вале вазъияти минтақаро барои солҳои баъдӣ ногувор намуд.

Ҳукумати ИМА дар ҷаҳон масъулиятдортарин абарқудрат дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои башарият ва ҳимоягар ва ривоҷдиҳандаи равандҳои демократӣ маҳсуб мешавад. Вале натиҷаи амали он собит менамояд, ки ҳадафи ИМА барои амну суботи башарият нест.  Падидаи «ҳуқуқи инсон» барои башарият новобаста аз тамоми мансубияташ мавриди дастгирист, вале  ИМА дар зери «ҳуқуқи инсон» тамоми санадаҳои байналхалқиро поймол менамояд. Дар зери ливои «ҳуқуқи инсон» ИМА иҷозати бечунучарои воридшавӣ ба тамоми қаламрави давлатҳо ва иҷрои тамоми навъи фаъолиятҳоро соҳиб мешавад. Бо баҳонаи «терроризм» ва силоҳи қатли ом ИМА ба Ироқ ва Афғонистон ворид шуд ва принсипи «дахолат накардан»-и ҳуқуқи байналхалқиро зери суол гузошт. Бо ин амалаш ИМА зидди қонуни ҷаҳонӣ баромад намуда, вуҷуди падидаи «терроризми давлатӣ»-ро  тасдиқ кард. 

Дар шароити муосир дар нисбати падидаи терроризм муносибати «стандарти дуқолиба» роҳандозӣ мешавад. Падидаи «террористони хуб» ва «террористони бад» маҳсули муносибати мазкур мебошанд. То замоне ки мубориза бо терроризм ва «терроризмхонӣ» бо ғаразҳо ва манфиатҳо пайвастааст, он натиҷаи хубе ба миён намеорад. Бештари созмонҳои террористӣ аз ҷониби давлатҳо маблағгузорӣ карда шуда, барои манфиатҳои  кишварҳои мазкур фаъолият мебаранд. Дар чунин ҳолат мубориза алайҳи терроризм моҳияташро гум менамояд. Ҳоло ягон меъёри байналахалқии умумиэътирофшудае вуҷуд надорад, ки зуҳуроти терроризмро таъриф дода, нишонаҳои онро мушаххас намояд ва дигар давлатҳо онро қабул карда бошанд. Аз ин рў, чунин манзара дар муносибатҳои байналхалқӣ то дер боз боқӣ мемонанд, тавозуни қувваҳо ва мувозинати манфиатҳо меҳвари тамоми алоқаҳо ва робитаҳои байналахалқӣ қарор мегиранд. 

 

К.Қ. Назриев,

 ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj