25-умин солгарди ташкилёбии сиёсати давлатии ҷавонон ё худ татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохўриҳои худ гуфтанд: «Дар ҷаҳони муосир рў овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат  ва ҷомеа мебошад... Воқеан, имрўз ҷавонони мо ҳамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рў, мо ҳалли мушкилоту масоили ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем.».

Ҳамзамон, Пешвои миллат зимни ироаи Паёми солонаи хеш афзуданд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аксар аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи  фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлатанд.

Мусаллам аст, ки дар шароити дигаргунсозиҳои ҷаҳонӣ муқаррар кардани чаҳорчўбаҳо ва меъёрикунонии муносибат нисбат ба қишрҳои муайяни ҷомеа, бахусус ҷавонон тақозои замон ва талаботи ҷомеи мутамаддин мебошад. Чун Тоҷикистон ҷавон асту қувваи асосии меҳнатиро ҷавонон ташкил медиҳанд, барои он муайян кардани ҷабҳаҳои фаъолият ва дурнамо нисбат ба ҷавонон мувофиқи мақсад арзёбӣ мегардад.

Дар ибтидои субҳи соҳибистиқлолӣ новобаста аз сахтию нокомиҳои пай дар пай пешомада Пешвои миллат ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати ҷавонон афзалият медоданд. Новобаста аз вазъи ногувори ҷанги шаҳрвандӣ дар ин давра яке аз дастовардҳои муҳимму арзишманд мулоқоти нахустини расмии Роҳбари кишвар - Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намоядагони ҷавонони ҷумҳурӣ дар 70-ум рўзи сарварӣ (02.02.1993) ба шумор меравад.

Пас аз мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар дар 23 майи соли 1997 мақоми ваколатдори соҳа - Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи он Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва аз он рўз оғоз карда, ҳамасола 23 май дар саросари кишвар ҳамчун Рўзи ҷавонон бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Таҳия ва дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон, Стратегияи давлатии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018, Таъсиси Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника, Таъсиси Шўрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Таъсиси идрорпулиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷўёни дар донишгоҳҳои дохил ва хориҷ таҳсилдошта ва чандин барномаю консепсияву стратегияҳои дигар аз дастгирӣ ва ѓамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат нисбат ба насли ҷавон дарак медиҳанд. Дар ҳамин асно барномаҳои соҳавии ҷавонон, аз қабили «Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи тарбияи ватандўстии ҷавонон» ва «Барномаи рушди саломатии ҷавонон» соли 2012 муттаҳид карда шуда, барномаи давлатии ягона ва маҷмуӣ «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон» номида шуданд.

Қадами нахустин дар ташаккулдиҳии сиёсати давлатии ҷавонон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» оғоз мегардад, ки вобаста ба он ҳанўз дар ҳафтумин моҳи бадастории истиқлолият қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (13.03.1992) ба тасвиб расид. Бо назардошти ислоҳоти идоракунӣ ва тақозои ҷомеаи муосир қонуни мазкур соли 2004 дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид ва то имрўз ба он ду маротиба: соли 2011 ва 2014 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Дигар дастоварди эътимодноку таърихии соҳа дар ин давра қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» (19.09.2013, №1019) ба ҳисоб меравад. 

Дар баробари ин лоиҳаи Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.06.2006, №228 қабул карда шуд. Ин консепсия мақсад, принсип ва афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавононро муайян менамояд, ки мутобиқи он бояд механизмҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муайян гардида, асосҳои таъмини методологӣ, ташкилӣ ва иттилоотии он ташаккул дода шаванд.

Муҳимтарин санади дигар Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 буда, бо Қарори Ҳукумати кишвар аз 4.10.2011, №460 қабул гардидааст. Стратегияи мазкур барои муайян кардани мақсад, афзалият ва тадбирҳое нигаронида шудааст, ки татбиқи онҳо ба ҳалли вазифаҳои мубрами  рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.07.2015, №526 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои миллии кор бо ҷавонон ҳамчун мақоми доимоамалкунандаи машваратӣ таъсис дода шуд, ки мақсади Шўро ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин давраҳои таърихӣ бо пуштибонӣ ва дастгирии доимии Пешвои миллат дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дастовардҳои хеле зиёдро тавонистем ноил гардем. Зеро шароити мусоид ва муносиби рушду такомулёбӣ барои ҳар як фарди ҷавон фароҳам оварда шудаанд, ки боиси ифтихор ва фарҳамандӣ мебошад.

Дар ҷавоб ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат вобаста ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи корӣ сатҳи донишомўзии ҷавонон ҳамасола афзоиш меёбад. Агар соли 1991 70 000 нафар машғули таҳсил буданд, пас, имрўз ин адад ба 200 000 нафар расидааст. Яъне, сатҳи донишомўзии ҷавонон се маротиба зиёд гардидааст, ки аз азми қавӣ ва тамоюли устувори маърифатии ҷавонон дарак медиҳад. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрўзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумуи кишвари азизамон моро бовар мекунонад,  ки ҷавонон бо ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии меҳани маҳбубамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамояд.

Ҷавонони имрўз ба ташаккули тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи зиёд доранд. Танҳо дар давоми солҳои 2011-2015 варзишгарони кишвар аз натиҷаи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 2717 медал, аз ҷумла 783 тилло, 759 нуқра ва 1175 биринҷӣ ба даст овардаанд, ки бо шарофати онҳо чандин маротиба парчами давлатӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон партафишон гардид.

Дар баробари варзишгарон олимони ҷавони кишвар низ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ нақши бунёдӣ доранд ва илми кишварро ҳамеша дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд. Дар ин давра тавассути муассисаҳои илмии кишвар садҳо ҷавонон соҳиби унвонҳои илмӣ гардида, дар риштаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ хизмат кардаанд. Танҳо ҷоизадорони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон беш аз 140 нафарро ташкил медиҳанд, ки корҳои онҳо фарогири масъалаҳои гуногуни ҳаёти исетҳсолӣ-хоҷагидорӣ ва маънавии ҷомеа мебошанд.

Умуман, дар ҷавоб ба ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон кўшишу талош бар он доранд, ки кишвари азизи худ - Тоҷикистонро обод созанд, пешрафта гардонанд ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.

Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 нишонаи он аст, ки ҷавонон ва масъалаҳои алоқаманд ба ҷавонон дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Ҷавонон  чун неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа метавонанд барои амалӣ кардани нақшаҳои муҳим ва дурнамои Ҳукумати мамлакат, саҳми босазои худро гузоранд. 

Ҳамин тавр, соли 2017 аз санаи қабули Қонуни нахустини соҳаи кор бо ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» - ташаккулёбии расмии сиёсати давлатии ҷавонон 25 сол пур мешавад. Дар баробари ин, соли равон ба фаъолияти низоми устувори мақомоти ваколатдори соҳаи кор бо ҷавонон - Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мегардад. Аз ин рў, соли 2017-ро метавон дар асл Соли ҷавонон, таҷлили 25-умин солгарди ташкилёбии сиёсати давлатии ҷавонон ва 20-умин солгради фаъолияти низоми устувори мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон номид.

Соли 2017 - Соли ҷавонон барои кулли ҷавонони тоҷикистонию тоҷикони бурунмарзӣ ҳумоюн бод! 

 

Номвар ҚУРБОНОВ,

устоди факултети физика

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj