Адабӣ

Рўйиши донистан

Сурудаи як шоир муътабартарин санадест, ки шахсият, ҳунару зеҳнияти шоирона ва ниҳоят арзишу ҷойгоҳи паёмашро барои мухотабон ва дар маҷмўъ ҷомеаи адабӣ, ба маърази тамошо мегузорад. Як қитъа шеъри нобу асил замони расидан ба чашми аҳли завқ, бо суҳулат гом ба ҳарими дил мегузорад ва барои ҳамеша ҷойгузини рўҳу равон мегардад. Вале набояд фаромўш намуд, ки осори адабӣ дар тўли замон ҳамеша ба нақди корсозу воқеиятнигар, меъёршинос, ниёзманд будааст.

Бузургӣ, Падар!

Падар чи қадар бузург аст ва ба ҳамаи ин бузургӣ нигоҳ накарда, фарзандонро бо орзуҳои зиёд ба камол мерасонад ва ба роҳи рост равона месозад. Барои мо, фарзандон тамоми шароитро муҳайё сохта, ба қуллаҳои баландтарини ҳаёт, ки ояндааш пур аз мувафақиятҳост сафарбар менамояд.  Воқеан, як падар чандин фарзандро ба камол мерасонаду ҳамаи фарзандро ба як чашм менигарад. Ин аз дили бузурги падар аст, ки барои меҳру муҳаббати ҳамаи фарзандон ҷои алоҳидае дар қалби худ дорад. Аммо ҳама фарзандон меҳру муҳаббати як падарро дар дили худ ҷой намуда наметавонанд.

«Наврӯзия»-и Тирмизӣ

Дар тӯли таърих бузургони илму адаби мо доир ба Наврӯзи оламафрӯз асарҳои хос офаридаанд, ки ин осор зери унвони умумии «Наврӯзнома»-ҳо ёд мешаванд. Аз миёни чунин асарҳо метавон аз «Наврӯзнома»-и Абуабдуллоҳи Тирмизӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Наврӯзия»-и Муҳаммадтақӣ ибни Муҳаммадризои Розӣ, «Наврӯзнома»-и Муҳаммадбоқир ибни Исмоили Исфаҳонӣ, «Наврӯзия»-и Разиуддин Муҳаммади Қазвинӣ, «Наврӯзнома»-и Абдулкарим ибни Муҳаммадҳодии Шаҳобӣ, «Рисолаи наврӯзия»-и Ѓиёсиддин Адиби Кошонӣ, «Аҳкоми Наврӯз»-и Муҳаммадшарифи Бухорӣ ибни Давлатмуҳаммади Бадахшонӣ ва ѓайра ном бурд.

Сарҳарфҳои исми хос бори кадом маъниро мебаранд?

Назарияҳои бисёр оид ба таъсири ном ба одам ба хулқу атвори он арзи вуҷуд доранд. Чанде аз коршиносони ин соҳа дар ақидаанд, ки аз рўи сарҳарфҳои ном, номи падар (насаб) ва номи бобо (мансуб ба хонавода) бе ягон душворӣ дар бораи хулқу атвори  барандаи он ба хулосае омадан мумкин аст.

Андарзи бузургон

Эътибор ва обрўи инсон арзишҳоеянд, ки ҳаргиз набояд онҳоро аз даст дод. 

Танҳо ду гурўҳ наметавонанд афкори худро иваз кунанд: девонагони бемористон ва мурдагони гўристон. Вин Дейр

Зиндагӣ шинохти худ нест, зиндагӣ барои сохтани худ аст. Б.Шоу 

Ҳеҷ вақт бадахлоқии касеро ба хотири симои зебояш таҳаммул макун! 

Бифаҳм, ки шикаст нуқтаи муқобили муваффақият нест, он қисмате аз муваффақият аст. 

Садама шуморо лаҳзае заиф ва як умр қавӣ мекунад.

Забондарозӣ нишонаи дасткўтоҳист.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj