Адабӣ

«Наврӯзия»-и Тирмизӣ

Дар тӯли таърих бузургони илму адаби мо доир ба Наврӯзи оламафрӯз асарҳои хос офаридаанд, ки ин осор зери унвони умумии «Наврӯзнома»-ҳо ёд мешаванд. Аз миёни чунин асарҳо метавон аз «Наврӯзнома»-и Абуабдуллоҳи Тирмизӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Наврӯзия»-и Муҳаммадтақӣ ибни Муҳаммадризои Розӣ, «Наврӯзнома»-и Муҳаммадбоқир ибни Исмоили Исфаҳонӣ, «Наврӯзия»-и Разиуддин Муҳаммади Қазвинӣ, «Наврӯзнома»-и Абдулкарим ибни Муҳаммадҳодии Шаҳобӣ, «Рисолаи наврӯзия»-и Ѓиёсиддин Адиби Кошонӣ, «Аҳкоми Наврӯз»-и Муҳаммадшарифи Бухорӣ ибни Давлатмуҳаммади Бадахшонӣ ва ѓайра ном бурд.

Сарҳарфҳои исми хос бори кадом маъниро мебаранд?

Назарияҳои бисёр оид ба таъсири ном ба одам ба хулқу атвори он арзи вуҷуд доранд. Чанде аз коршиносони ин соҳа дар ақидаанд, ки аз рўи сарҳарфҳои ном, номи падар (насаб) ва номи бобо (мансуб ба хонавода) бе ягон душворӣ дар бораи хулқу атвори  барандаи он ба хулосае омадан мумкин аст.

Андарзи бузургон

Эътибор ва обрўи инсон арзишҳоеянд, ки ҳаргиз набояд онҳоро аз даст дод. 

Танҳо ду гурўҳ наметавонанд афкори худро иваз кунанд: девонагони бемористон ва мурдагони гўристон. Вин Дейр

Зиндагӣ шинохти худ нест, зиндагӣ барои сохтани худ аст. Б.Шоу 

Ҳеҷ вақт бадахлоқии касеро ба хотири симои зебояш таҳаммул макун! 

Бифаҳм, ки шикаст нуқтаи муқобили муваффақият нест, он қисмате аз муваффақият аст. 

Садама шуморо лаҳзае заиф ва як умр қавӣ мекунад.

Забондарозӣ нишонаи дасткўтоҳист.

Равиндранатҳ Тҳакур ва масъалаҳои тарбияи кўдакон

Равиндранатҳ Тҳакур (1861- 1941) аз суханварони бузурги ҷаҳон аст , ки  бо қудрати асрорангези каломи бадеъ, чӣ дар рушду нумўи адабиёти Бангол ва чӣ дар равнақи адабиёту санъати ҷаҳон хидмати арзандае кардааст ва бидуни шак исми ў дар радифи бузургтарин суханварони ҳама асру замонҳо хоҳад монд.   Тҳакур на фақат чун шоир, нависанда, драматург, публитсист, файласуф, оҳангсоз, рассом ва арбоби ҷамъиятии Ҳиндустон маъруф, балки ў нобиғаи нотакрор  буд. 

Бузургдошти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар Лоҳур

“Вай зодаву парвардаи Ҳамадони Эрон буда, 

азизи Тоҷикистон, ифтихори Ҳинду Покистон ва 

писандидаи Афғонистон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Бигў тарона бимонад

Дар адабиётшиносӣ бар асоси меъёрҳои мавҷуд таъйин намудани марзе барои як давраи замонӣ ва тарзи шинохти илмии падидаҳои бо ҳам печидаи адабӣ ва офаринандагону холиқони осори адабӣ- ҳунарӣ шеваи маъмул  ба шумор меравад. Ҳар даврае дар радифи мавзўъҳои ҷовидонии адабиёт, фарогири масоилу бунмояҳои вижаи худ аст, ки ба ҷараёни умумии адабиёт мутобиқат доранд. Барҷастагиҳои мунҳасир ба фард дорад. Дар бистару қаламрави ин ё он давр аст, ки жанрҳои муайяне рушду камоли чашмгир пайдо мекунанд ё гурўҳе аз онҳо ба гўшаи фаромўшӣ супурда мешавад.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj