Мақола

Сулҳи тоҷикон ва ҳофизаи таърихии мо

Воқеан, инъиқоди Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар сарзамини тоҷикон  муҳимтарин ва муассиртарин омили  расидан ба ваҳдати миллӣ буд. Ваҳдате,  ки тайибист сол  ҷомеаи мо марҳала ба марҳала онро тай кард. Ҷомеаи мо тавонистааст, ки  дастовардҳои хотирмонеро дар роҳи дастёбӣ ба ризоияту ваҳдати миллӣ соҳиб шавад. Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонд, нури умед ба дили мардум роҳ ёфт.

Таҳкими давлатдории миллӣ дар давраи ваҳдати миллӣ

Истиқлолият аз бузугтарин дастоварди ҳар як миллату давлат аст. Ва ин истиқлолият барои мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон ба осони насиб гардид. Аммо пас аз чанде давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрванди кашида шуд. Дар чунин фазои мураккаби сиёсӣ дар  таърихи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид ва ба сифати Раиси Шўрои Олии он Эмомалӣ Раҳмон таъин гардид.

Забон ва марзи ҳимоят

Ҳамеша чунин буда, ки сухан аз рўзгору масири эҷодии бузургон дар миён гузоштан масъулияти сангинеро ба дўши хостгор мегузорад. Масъулияте, ки бар асари барқвори азамату шукўҳи корномаи эшон дар ниҳоди тараф зода мешавад ва неруи оғозу шинохти сарчашмаро аз ў боз мегирад. Фазое шигифт, пурсишзо ва ҳамзамон андешабарангез эҷод месозад. Ин фазо инсонро, гўӣ, рўйи курсие гардон менишонад ва бо ҳар чархише ба дунёҳои зебову тамошоӣ рў ба рў месозад. Шоҳидро барои ин баҳс метавон аз зиндагии пурбору борвари устоди гаронқадр Худоӣ Шарифзода интихоб намуд.

Ҷавонон устуворсозандаи ваҳдатанд

Сулҳ, ваҳдат ва ҷавонӣ дар олами афкори ҷомеаи мо мафҳумҳои тавъаманд, ки муҷиби саодатмандии миллат шуда метавонанд. 23-майи соли 1997 ҳамоиши ҷавонон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки Кумитаи кор бо ҷавонон таъсис ёбад. Як моҳе баъд 27-июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Яъне тақрибан дар як давра ду рухдоди бузургу созанда ба вуҷуд омадааст. Аввалин қадамҳо дар фазои осоиштагӣ бо иштироку саҳми ҷавонон дар роҳи созандагии давлату кишвар гузошта шуд.

Масъалаҳои худмуайянкунии касбии ҷавонон

Худмуайянкунии касбӣ ин раванди дуру дароз буда, нишонаҳои аввалин онро дар даврони кўдакӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Махсусан, вақте кўдак дар рафти бозӣ нақши касбҳои гуногунро иҷро намуда, дар бораи олами ҳар гуна касбҳо маълумот пайдо мекунад. Дар ин раванд худмуайянкунии иҷтимоӣ-касбӣ ва ҳамзамон худмуайянкунии ҳаёти шахсӣ низ ташаккул меёбад. Маҳз аз ҳамин  вақт дар кўдак шавқу рағбат нисбат ба ин ё он касб пайдо мешавад.

Олими шинохта, устоди барҷаста ва инсони бузург

Инсон дар зиндагӣ кўшиш менамояд, ки бо ҳар роҳу усул дар дафтари хотираҳо нақш бандад ва маҳбуби ҳамагон гардад. Яке ҳамчун сиёсатмадор, дигаре тавассути фаъолияти аъло дар соҳаҳои гуногун ва сеюмин бошад, ҳамчун олим ва роҳбар ба қалбҳо ҷой шуда, дар хотир боқӣ мемонад.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj