Мақола

Терроризм ва ифротгароӣ – вабои аср

Ислом шакли махсуси ҷаҳонбинии тавҳидиест, ки дар тўли таърих нерўҳои муайяни сиёсӣ онро ба ҳадафҳои хеш истифода бурда бошанд ҳам, худи он ҳамчунон поку беолоиш боқӣ мондааст. Ба арсаи сиёсат баровардани Ислом бо истифода аз боварӣ ва эҳтироми бузурги мардум ба манфиатҳо ва ғаразҳои сиёсӣ ҳамеша ва дар ҳама давру замон сабаби номуназзам гаштани вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ гашта буд, аммо ба нархи ҷони кӣ ва манфиати кӣ? 

Ошкоро будани муҳокимаи судӣ

Ба тариқи ошкоро мавриди баррасӣ қарор гирифтани парвандаҳо яке аз асосҳои демократии адолати судӣ ба ҳисоб меравад. Принсипи мазкур қоидаеро пешбинӣ менамояд, ки аз Конститусияи ҶТ (мод.88)  маншаъ гирифта, ошкоро гузаронидани муҳокимаи судии парвандаҳоро  муқаррар намуда, ҳузури ҳар як шахсро дар баррасии парванда таъмин менамояд.

Вуҷуде оканда аз атру бўйи инсонӣ

Зиндагии инсонӣ паҳндаштест, ки оғозу анҷомаш диданӣ нест, нопадидор аст ва хуб аст чунин аст. Ҳамин нопадидорист, ки ба мо имкони ист, таваққуф ва ризояти тамомӣ намедиҳад, балки неруи ангезиш, пеш рафтан, умедро дар ниҳоди мо бедор месозад, ба сўйи нур, ба ҷониби орзуҳои дур ҳидоят мекунад, яъне то сарманзили мақсуд ҳанўз роҳи тўлонист, бояд хастагиро канор гузошт, беш аз пеш гомҳои устувор бардошт, ҳанўз дунёҳои тоза, марзҳои зебои ногушуда  дар пеш аст.

Камоли одамӣ дар илм бошад…

Профессор Баҳриддин Камолиддинов. Ин ном дар байни аҳли илми ҷумҳурӣ ба хубӣ ошно асту бо эҳтироми хос ба забон гирифта мешавад, вале, тавре маълум аст, соҳиби обрўю эҳтиром гардидан ба осонӣ муяссар намегардад.Чунонки барои ба бриллиант табдил ёфтани алмос вақт ва меҳнати зиёд  сарф мешавад, соҳибэҳтиром гардидан дар ҷомеа ҳам заҳмату машаққати зиёдро тақозо менамояд.

Парчам – пайванди имрўзу фардо, ишорае ба ормонҳои миллӣ

24-уми ноябри соли 2009 бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни нави миллӣ - Рўзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Соли равон маротибаи шашум мешавад, ки мардуми сарбаланду саодатманди тоҷик бо ифтихор аз тамаддуни оламгири пешин ва шукргузорӣ аз ваҳдату суботи имрўз ба Парчами миллӣ-яке аз рукнҳои муқаддасоти давлатдории миллии хеш арҷ мегузорад. 

Доктор философия (пи-эйч-ди = PhD) дар кишварҳои хориҷӣ

Дар Тоҷикистони азизи мо ба рушди илму маориф аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ҳар сол мактабу коллеҷҳои нав сохта мешаванд, дар донишгоҳҳо риштаҳои нав боз мегарданд. Муҳим он аст, ки таҳти сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо низ ба тарзи таълими нав ва дарёфти дараҷаҳои илмии байналмилалӣ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Яъне Тоҷикистон низ қадам ба қадам аз пешрафтҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳраманд мегардад. Ба тарзи таълими ғарбӣ, ба мисли бакалавар, магистр, доктори фалсафа (пи-эйч-ди = PhD), гузаштани муассисаҳои таълимии кишвар аз он шаҳодат медиҳад.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj