Мақола

Номҳои саргардони тоҷикӣ

Ҳ и к о я т

Гурўҳе ҳукамо ба ҳазрати Кисро дар маслиҳате сухан мегуфтанд ва Бузургмеҳр, ки меҳтари эшон буд, хомўш. Гуфтандаш:

--Чаро ба мо дар ин баҳс сухан нагўйӣ?

Гуфт:

-- Вазирон ба мисоли атиббоанду табиб дору надиҳад ҷуз сақимро (бемор). Чун бинам, ки раъйи шумо бар савоб аст, маро ба сари он сухан гуфтан ҳикмат набошад.

Чу коре бе фузули ман барояд,

Маро дар вай сухан гуфтан нашояд.

В-агар бинам, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомўш биншинам, гуноҳ аст.

Ҷавонон дар меҳвари Паём

Ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти воқеияти замон ироа гардида, дар он ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа ба таври густарда мавриди баррасиву таҳлил карор мегиранд. Ҳамин аст, ки ҳар як Паёми Пешвои миллат бо садои дили мардум ҳамнаво мегардад.

Истифодаи оқилонаи об дар сайёра

Қабули қатъномаи Созмони Милали Мутаҳид, бо пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҳоле роҳандозӣ гардид, ки дар тамоми рўи Замин гармшавии саросарии сайёра ва норасоии рўзафзуни оби тозаи ошомиданӣ ҷараён дорад.

Иттиҳоди Аврупо ҳамчун ниҳоди дипломатияи ҳамгироӣ дар муносибатҳои байналхалқии муосир

Солҳои охир дар илм истилоҳи «сиёсати аврупоӣ» ба кор бурда мешавад, ки маънои дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо гардидани ниҳоди ғайримарказонидашуда ва бисёрсатҳа оид ба мувофиқанамоӣ ва пеш бурдани сиёсати умумиро дорад. Иттиҳоди Аврупо (ИА) ин «давлати абарқудрат» нест, вале ҳамчун сохтори ҳамгироӣ иддаои  пешбурди сиёсати хориҷии умумиро дорад. Дар ҳуҷҷати ИА бо номи Рўзномаи маҷлиси соли 2000-ум (Повестка дня 2000) дарҷ гардидааст, ки иқтидори иқтисодии Аврупо бояд ба талаботи сиёсати нави хориҷӣ ҷавобгў бошад.

Бояд сазовори боварии Пешво бошем…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханрониҳояшон ба мо ҷавонон дар бораи ҳурмату эҳтироми падару модар ва калонсолон таъкид менамоянд: «Ҷавонон бояд аз ҳама кишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлат, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳон

Ҷашни Сада – баракати истиқлолият

Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди миллии мо дар садаи ХХ1 мебошад, ки ба шарофати он мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд рафт ва ҷумҳуриямон ба сифати як кишвари мустақили ягонаи демокративу дунявӣ шинохта шуд.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj