Мақола

Маданияти шаҳрнишинӣ

Маданияти  инсонӣ  аввал  дар  шаҳрҳо пайдо  шуда, баъд  ба  гўшаву канори  дунё паҳн  шудааст. Хушбахтона, дар  ривоҷ  ёфтану  ғанӣ гаштани тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми ниёгони мо хеле калон аст. Шаҳрҳои бостонии Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот, Панҷакент, Истаравшан, Кўлоб, Ҳисор дар саргаҳи маданияти  ҷаҳонӣ  меистанд. Ҳазорҳо  ҳунарҳои  гуногун, ки  аз  файзи  онҳо  рўзгори  фарзанди  одамӣ  зеботар  шудааст, дар  ин  шаҳрҳо  пайдо  шудаанд.

Зуҳуроти хатарзои замон (Масъалаи терроризму экстремизм дар Паём)

Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, проблемаи глобалии терроризму экстремизм аст. Ин ҷараёни хатарзо ба худ хусусияти фаромарзӣ касб карда, кулли сайёраро водор мекунад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани зарари он андеша намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин проблемаҳо бетараф буда наметавонад. Бахусус, дар шароите, ки кишвари ҳаммарз ва ҳамфарҳанги мо - Афғонистон дар ҳоли муташанниҷу бесуботӣ қарор дорад, ҷомеаи Тоҷикистонро ин вазъият дучанд нигарон мекунад.

Роҳнамои рўзгори босаодати мо

Замони муосир бо ҳама тазодҳояш дар сарнавишти инсоният нақши барозанда дорад. Ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол чун узви фаъоли ҷомеаи башарӣ дар баррасиву ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир саҳми арзанда мегузорад. Ва ин обруву эътибори байналхалқии Тоҷикистони азиз ба фаъолият, ибтикорот ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз сиёсати дурандешона ва башардўстонаи Пешвои муаззами тоҷикон моро ба ҷаҳониён чун мардуми соҳибтамаддун ва куҳанбунёд муаррифӣ кард.

Дастгирии иҷтимоии ҷавонон-самти муҳимми фаъолияти давлатӣ

"Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омўзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд".
Эмомалӣ Раҳмон

 

Паём - роҳнамо ба сўйи фардо

Ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти љомеа арзёбӣ мегардад. Ин андеша мо-омўзгорони макотиби олиро водор месозад, боз ҳам ба масъалаи таълиму тарбияи насли љавон дар муассисаҳои таълимии кишвар диққати бештар зоҳир намуда, љавононро дар рўҳияи ватандўстию меҳнатдўстӣ тарбия намоем. Боиси хушнудист, ки дар тўли 25-соли Истиқлолияти давлатии Љумҳурии Тољикистон теъдоди макотиби олӣ афзуда, шумораи донишљўён низ зиёд гардидааст.

Раванди тарбияи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ

Масъалаи ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон дар шароити тезутундшавии вазъи сиёсии олам ва торафт амиқтар гаштани буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ аҳамияти назаррас касб намуда истода, фаро гирифтани онҳо бо машғулияти доимӣ, аз ҷумла тарбияи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқию динӣ яке аз масъалаҳои муҳимми рўз ба ҳисоб меравад.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj