Мақола

«Шодам, аммо мехўрам ғамҳои халқи дигаре…»

В-он ки ҷуръат намояд андар кор,

Хештанро бузурвор кунад.

(Аз «Футувватномаи султонӣ»-и Воизи Кошифӣ)

Рушди неруи инсонӣ

Беҳбудӣ бахшидан ба рушди неруи инсонӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Рушди он неруе, ки ҳазорсолаҳо дар ҷодаҳои гуногуни илму маърифат дунёро мафтун намудаасту беҳтар аз он каломҳо сухане ё таъбире касе наметавонад ёбад. Эътимоди Пешвои миллат ба ҷавонон - созандагони ҷамъияти солим нигаронида шуд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва буҳронҳои пай дар пайи иқтисодӣ, мутаассифона, бархе аз ҷавонони мо низ ба буҳрони донишандўзӣ мубтало шудаанд.

Тафаккури миллӣ ва нақши он дар рушди ҷомеа

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа буда, барои шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳнамои рушду пешрафт мебошад. Маълум аст, ки ҳар як ҷомеа бо такя ба неруи ақлонии худ ва инкишофи тафаккури миллии шаҳрвандонаш рушд мекунад, ки ин нуктаро Президенти кишвар дар Паёми худ махсус таъкид намуданд.

Тавсияҳо дар ҳалли норасоиҳои дониш

Норасоии сатҳи дониш ба амалӣ гаштани мақсадҳоямон халал мерасонад. Аммо бартараф намудани ин нуқс осон аст. Онро бо роҳи хеле осон  бартараф кардан мумкин аст. Барои бомаърифат шудан хатм кардани коллеҷ ва ё муассисаи таҳсилоти олӣ кофӣ нест. Маърифат на танҳо ҳосили ҷамъи дониш аст, балки маҳорати то кадом андоза донишро амалӣ кардан мебошад. Инсон бояд низоми се зинаи таҳсилро истифода кунад: таҳсил дар мактаби миёна,  дар муассисаи олии таълимӣ ва ниҳоят худомўзӣ. Баҳтарин тавсия он аст, ки ҳар рўз камаш бояд як соат китоб хонед.

Бетараф набошем!

Башарият имрўз бо пешрафтҳои чашмгире даст меёбад. Сарзаминҳои номакшуфе кашф мегарданд ва уфуқҳои тозае пешорўи инсоният боз мешаванд. Вале, мутаассифона, дар радифи ин ҳама инкишофу тараққиёт мушкилоте аст, ки барои ҷомеаи имрўзӣ сади бузург маҳсуб мешавад. Яке аз ин мушкилот дар саросари ҷаҳон решадор шудани падидае нохостание бо номи коррупсия ё ришвахўрист. Ин падидаи зишт умри тўлонӣ дорад ва инсонҳо дар имтидоди таърихи дурударози худ ҳамеша ҳузури онро эҳсос мекарданд ва бо шеваҳои лозим бо он муқовимат менамуданд. 

Ташаббуси дигари созанда

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз касб намудани истиқлолияти давлатӣ дучори ҷанги таҳмилӣ гашт ва чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки рўзи 22-юми декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарўзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj