Мақола

Забон дар раванди ҷаҳонишавӣ

Назарзода Сайфиддин,
устоди ДМТ
 

Коррупсия дар равандҳои сиёсӣ-иҷтимоии ҷомеа

Дар  равандҳои сиёсии ҷаҳони имрўза як қатор падидаҳое мавҷуданд, ки мушкилоти гаронеро барои инсоният ба бор овардаанд. Яке аз мушкилоти ҷаҳони имрўза коррупсия маҳсуб мешавад. Ҳарчанд  инсоният бар зидди  ин падидаи манфур ҳамеша мубориза мебарад, аммо то ба ҳол, чи дар давлатҳои қудратманд ва чи дар давлатҳои рў ба инкишоф, коррупсия арзи ҳастӣ дорад. 

Сояҳо ва ҳақиқатҳо

Филми мустанади рўзи 9-август пахшгардида дар бораи сурати аслии воқеоти куштори шаҳрвандони кишварамон дар солҳои пешин  андешазост. Ин филм ду ҷанбаи муҳим дорад. Нахуст бо санаднокиву воқеияти маълуми худ чун як сабти таърихӣ нақш пайдо  менамояд. Сониян, ба воқеяти имрўз таъсири амиқ дорад ва вокунишҳои зиёдро ба вуҷуд меоварад. Ҳар ду хосият ҳам муҳим аст. Агар имрўз мардум донист, ки кадом хоҷагон дар пуштибонии қотилон саҳм доштаанд, аз ҷониби дигар чунин неруеро дар олами андешаҳо ба вуҷуд меоварад, ки мо бояд дўсту душмани худро шиносем.

Терроризм ва ҳуқуқи инсон

Терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангини зулмовар ба ҳисоб рафта, ҳадафи он пароканда кардани якпорчагии давлат ва қатлу куштор буда саркардагони он бо ин роҳ хостгори ҳокимияти мутлақ  барои амалигардонии мақсаду ниятҳои нопоки худ мебошанд. Дар замони муосир ин падида нангини хунхор аз ҷониби гўруҳҳои гуногун бо истифода аз номҳои исломи  ба монанди «Давлати Исломӣ, Ҷабҳат-а-нусра, Ал-қоида, Толибон»  ҷаҳонро ба ҳарос овардааст.

Назму тартиб ҳар куҷоест устувор…

Кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геология мисли дигар кафедраҳои Донишгоҳи миллӣ дар тарбия кардани мутахассисони варзидаи соҳа нақши муҳим дорад. Дар ин кафедар соли 2011 муаллими калон Ғайратов Маликдод Топалангович ба ҳайси мудири кафедра таъйин шуд. Дар он сол кафедра аз ҳисоби кадрҳо ва устодони унвондор танқисӣ мекашид. Бо пешниҳоди мудири кафедра профессор Тоҷибеков М. аз дигар кафедра ба ҳайси профессор фаъолиятро дар кафедраи мазкур оғоз кард. Ба ин тартиб Ғайратов М.Т.

Нахустин паштушиноси тоҷик

Дар ин мақола қарор аст, нигоҳе кўтоҳ ба масири зиндагии яке аз устодони номдори кафедраи филологияи Эрон, дўстдори сарсупурдаи фарҳангу адаби мардуми Шарқ, равоншод Савлатшо Мерганов афканда шавад. Аслан кам иттифоқ меафтад, ки нафаре тамоми умри худро ба омўзиш ва таҳқиқи ягон соҳаи илм сарф карда бошад. Дар пайроҳаи пурпечутоби илм ва тарбия пайдо намудани мақом ва манзалати хосса ва миёни мардум эътироф шудан бисёр мушкил аст.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj