Мусоҳиба

Ҳамрохон ДЎСТОВ: Марказ неруи таҳкимбахши муносибатҳост!

Боиси хушнудист, ки имрўз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сохторҳои гуногун фаъолият мекунанд ва онҳо дар самтҳои мухталиф донишгоҳро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он муаррифӣ менамоянд. Чун анъана дар охири ҳар сол фаъолияти сохторҳои донишгоҳ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ баҳогузорӣ карда мешавад. Яке аз чунин сохторҳое, ки имсол фаъолияти он аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ хуб арзёбӣ шуд, ин Маркази фарҳангӣ-таълимии Конфутсий мебошад. Мо тасмим гирифтем, ки суҳбате бо директори Маркази мазкур, номзади илмҳои филология Ҳамрохон Дўстов роҷеъ ба фаъолияти яксолаи он (соли 2015) дошта бошем.

Муинӣ Мавсума Муинзода: Мушкилоти имрўзаи ҷавонон гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист...

(Суҳбати ихтисосии хабарнигори нашрияи “Ба қуллаҳои дониш” Абумуҳаммад Тўраев бо муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума Муинзода)
 

Илм фидокорӣ мехоҳад

Генри Дэвид Торо – нависандаи англис мегӯяд, он чи ки як бор бо сифат иҷро шудааст, барои як умр аст. Маҳз ҳамин амал дар тадқиқоти устоди муҳтарами мо, профессор Сайидраҳмон Сулаймонӣ дида мешавад. «Фарҳанги арабӣ – тоҷикӣ»-и таҳиянамудаи С. Сулаймонӣ дар ҳаҷми сад ҳазор калима метавонад як умр мавриди истифодаи устодону донишҷӯён бошад. Устод Сайидраҳмон Сулаймонӣ зиёда аз панҷ ҷилди осори Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума кардааст, ки ҳар яке аз онҳо тақрибан 700–800 саҳифаро дар бар мегиранд. Профессор С.

Омода намудани афсарони бо нангу номус вазифаи аввалиндараҷаи мост!

Рўзи 23-юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромиву осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъит дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит на онқадар хуб ба чашм мерасид. Хушбахтона имрўз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳо паси сар намуда, ба сўйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст.

Абдусалом МИРАЛИЕВ: Имтиҳонҳои давлатӣ ба меъёрҳои муқарраргардида ҷавобгў буд…

Таълим бахши асосии ҳар муассисаи таълимӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллиро ташкил медиҳад. Дар бештари маврид натиҷаҳои ин бахш боиси шинохти донишгоҳ ва эътирофи он дар дохилу хориҷ аз кишвар мегардад. Ҳамин аст, ки донишгоҳ пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба равишҳои навини таълим, баҳрамандии донишҷўён аз илмҳои фарогирифта ва ғайра таваҷҷуҳ намуда, ба роҳу равишҳои замонавӣ сатҳи донишазхудкунии онҳоро дар тўли соли таҳсил месанҷад.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj