Сиёсӣ

Терроризми байналхалқӣ ва хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Терроризм ҳамчун рўйдоди сиёсӣ таърихи қадима дорад. Калимаи «террор» аз лотинӣ гирифта шуда, маънои тарс, даҳшатро дорад. Он ҳамчун мафҳуми сиёсӣ аз тарафи инқилобчиёни фаронсавии жирондистон ва якобчиён истифода мешуд, ки онҳо бо ин роҳ барои тарсонидан ва ба даҳшат овардани Ҳукумати Людовики XVІ мардумро ба ошўб меоварданд.

Ҷавонон дар рўёрўи хатарҳои ҷаҳонӣ

Имрўз дар ҷомеи ҷаҳонӣ  ба майдон омадани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва гурўҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷўи ифротгаро боиси мушкилотҳои зиёд гардидааст. Барои монеъ шудан аз фаъолиятҳои ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳкунанда аксарияти давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамарўза талош варзида истодаанд. 

Хатари мазҳабҳои ифротӣ

Имрўз авзои ҷомеаро баъзе равияҳои тундгаро ва ифротӣ ноором мекунанд ва аз оинаи нилгун ва маҷаллаҳо зиёд мехонем ва мушоҳида мекунем, ки ба ин равандҳои ифротӣ ҷавонони мо шомил шуда, чӣ бадбахтиҳои гушношунидро барои худ ва барои хонаводаи худ ба майдон овардаанд. Банда ба ҳайси як узви ҷомеа барои худ лозим донистам, ки роҷеъ ба ин равияҳои зишту номатлуб фикрамро баён намуда, ҷавонони хушбахти замони истиқлолиятро аз зарари ин падидаҳои номатлуб ҳушдор диҳам. 

Таърихчаи лоиҳаи нбо-и Роғун: об+энергетика=ҳаёт

Тайи солҳои охир лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун дар расонаҳои гуногуни кишварҳои болооб ва поёноб мавриди мубоҳисаҳо қарор гирифта, боиси вокуниши бархе аз ашхоси баландпояи ҳамсоякишварҳо гаштааст. Бахусус, аз ҷониби коршиносони Ҷумҳурии Ўзбекистон доир ба сохтмони НБО-и Роғун тайи солҳои охир сару садо баланд карда мешуд. Аммо ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам дигар кишварҳои поёноб бунёди НБО-и Роғун манфиатовар хоҳад буд.
Таваҷҷуҳ мекунем ба таърихчаи сарчашмаи лоиҳаи НБО-и Роғун:

Тағйиру иловаҳо омили дурнамои инкишофи давлатдорӣ

Дар шароити имрўза вобаста ба инкишофёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст. Такмили меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба равобити давлатӣ-иҷтимоӣ бо кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд алоқаманд мебошад. 

Дар шинохти хештан

«Унсуралмаолии Кайковус дар бораи хирад» унвони пажўҳишест аз донишманди тоҷик С.Ятимов, ки ахиран матбааи «Ганҷнашриёт» ба табь расонидааст. Бо вуҷуди он ки У.Кайковус ва «Қобуснома»-аш барои хонандаи тоҷик ошност, аммо дар тўли замон ҳеҷ як бурхўрди муҳаққиқонаи шоиставу ҳамаҷониба аз зовияҳои гуногуни илмӣ аз ҷониби пажўҳандагони тоҷик дар перомуни он сурат нагирифтааст. Мақолоти ҷудогонае, ки нашр шудаанд, бештар ба ҷанбаҳои адабӣ ва тарбиявии он такя мекунанд. 

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj