Сиёсӣ

Хатари мазҳабҳои ифротӣ

Имрўз авзои ҷомеаро баъзе равияҳои тундгаро ва ифротӣ ноором мекунанд ва аз оинаи нилгун ва маҷаллаҳо зиёд мехонем ва мушоҳида мекунем, ки ба ин равандҳои ифротӣ ҷавонони мо шомил шуда, чӣ бадбахтиҳои гушношунидро барои худ ва барои хонаводаи худ ба майдон овардаанд. Банда ба ҳайси як узви ҷомеа барои худ лозим донистам, ки роҷеъ ба ин равияҳои зишту номатлуб фикрамро баён намуда, ҷавонони хушбахти замони истиқлолиятро аз зарари ин падидаҳои номатлуб ҳушдор диҳам. 

Таърихчаи лоиҳаи нбо-и Роғун: об+энергетика=ҳаёт

Тайи солҳои охир лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун дар расонаҳои гуногуни кишварҳои болооб ва поёноб мавриди мубоҳисаҳо қарор гирифта, боиси вокуниши бархе аз ашхоси баландпояи ҳамсоякишварҳо гаштааст. Бахусус, аз ҷониби коршиносони Ҷумҳурии Ўзбекистон доир ба сохтмони НБО-и Роғун тайи солҳои охир сару садо баланд карда мешуд. Аммо ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам дигар кишварҳои поёноб бунёди НБО-и Роғун манфиатовар хоҳад буд.
Таваҷҷуҳ мекунем ба таърихчаи сарчашмаи лоиҳаи НБО-и Роғун:

Тағйиру иловаҳо омили дурнамои инкишофи давлатдорӣ

Дар шароити имрўза вобаста ба инкишофёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст. Такмили меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба равобити давлатӣ-иҷтимоӣ бо кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд алоқаманд мебошад. 

Дар шинохти хештан

«Унсуралмаолии Кайковус дар бораи хирад» унвони пажўҳишест аз донишманди тоҷик С.Ятимов, ки ахиран матбааи «Ганҷнашриёт» ба табь расонидааст. Бо вуҷуди он ки У.Кайковус ва «Қобуснома»-аш барои хонандаи тоҷик ошност, аммо дар тўли замон ҳеҷ як бурхўрди муҳаққиқонаи шоиставу ҳамаҷониба аз зовияҳои гуногуни илмӣ аз ҷониби пажўҳандагони тоҷик дар перомуни он сурат нагирифтааст. Мақолоти ҷудогонае, ки нашр шудаанд, бештар ба ҷанбаҳои адабӣ ва тарбиявии он такя мекунанд. 

«Пашшақапак» ва «демократия»-и инсонкуш

Шабеҳиятро дар ҳама чизе метавон дарёфт. Дар ашё, дар кору амал, дар шаклу шева, дар симо, дар рафтору гуфтор, дар муносибату сиёсат… ва ин рӯйхатро метавон беинтиҳо идома дод. Барои нависандаи ин сатрҳо он демократия ва озодие, ки аз ҷониби соири кишварҳои ғарбӣ талқину ташвиқ, ё аниқтараш бар гардани дигарон бор мегардад, ҳамон коғази часпаки чинӣ («пашшақапак») мебошад, ки дар фасли гармо барои нобуд кардани пашшаҳо истифода  мешавад. Зеро ҳам ваъдаю ҳам коғаз олудаи  ширинии маҷозие мебошанд, ки баъди гирифторӣ аз будаву дошта халосат месозанд. Ҳарду ширинианд, бо оқибати талх.

Омилҳои миллаткуши ҷомеаи тоҷик

Дар  ҷаҳони имрўза, ки ҷаҳони манфиатҳост, ҳар давлати миллӣ барои нигоҳ доштани қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии худ аз воситаҳои гуногун истифода мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субъекти муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар арсаи олам  ба ҳисоб меравад аз равандҳои муосири ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар канор нест. Ҳар ҳодисаву воқеае, ки дар минтақа ба вуқуъ меояд ба кишвари мо низ таъсир мерасонад.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj