Таърихӣ

Олими шинохта, устоди барҷаста ва инсони бузург

Инсон дар зиндагӣ кўшиш менамояд, ки бо ҳар роҳу усул дар дафтари хотираҳо нақш бандад ва маҳбуби ҳамагон гардад. Яке ҳамчун сиёсатмадор, дигаре тавассути фаъолияти аъло дар соҳаҳои гуногун ва сеюмин бошад, ҳамчун олим ва роҳбар ба қалбҳо ҷой шуда, дар хотир боқӣ мемонад.

Устоди соҳибтаҷриба

Искандаров  Фарух Шейхович зодаи деҳаи Хуфи  ноҳияи  Рушони ВМКБ мебошад. Ў соли 1965 ба ДДМТ дохил шуда, онро соли 1970 бомуваффақият хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш дар ҳамин донишгоҳ оѓоз ёфта, соли 1970 ба ҳайси муҳаққиқ-коромўзи кафедраи минералогия ва петрография ба кор шурўъ намудааст. Солҳои 1972-1975 аспирант, 1975-1985 муаллими калон, 1985 номзади илмҳои геологияю минералогия ва соли 1991 то ҳол ба ҳайси дотсенти кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геология фаъолият  намуда истодааст.

Ҷашни Сада – баракати истиқлолият

Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди миллии мо дар садаи ХХ1 мебошад, ки ба шарофати он мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд рафт ва ҷумҳуриямон ба сифати як кишвари мустақили ягонаи демокративу дунявӣ шинохта шуд.

Ў ИФТИХОРИ МОСТ...

Устодо, раҳнамоед, шоҳсутуни зиндагӣ,

Қаҳрамони ҷонфидоед, дар шарори зиндагӣ.

Ҳаёти инсоният доимо дар гардиш ва пур аз тазодҳо мебошад, ки дар ин роҳ ҳар як фард бо хизматҳои шоиставу накуяш умр ба сар мебараду саҳми хешро дар пешрафту шукуфоии зиндагии нафарони дигар мегузорад. Муаллимаи ниҳоят ғамхор, меҳрубон ва арзандаи ҳама гуна суханҳои нек, номзади илмҳои филология, дотсент Раҷабова Ибарури Солиевна низ аз ҷумлаи чунин шахсон ба шумор мераванд, ки умри худро сарфи тарбияи насли наврас ва ба камол расонидани ҷавонони донишманду илмомўз кардаанд.

Илмдўсту покзамир

          Ҳар як боргоҳи таълимӣ бо донишмандону омўзгорони асил нуфузу эътибор пайдо мекунад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки яке аз бузургтарин марказҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, дар он омўзгорони пуртаҷрибаву донишмандони варзидаи соҳаҳои мухталиф фаъолият дошта, номбардори миллату давлати хеш гардидаанд.

          Аз зумраи чунин нафарон муаллимаи покзамиру дарёдил Мамлакат Аюбова мебошад, ки умри бобаракати хешро дар ин боргоҳи таълимиву илмӣ сипарӣ намуда истодааст. 

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj