Таърихӣ

ҶАШНИ САДА – БАРАКАТИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Тавре дар аввал ёдовар шудем, ҷашни Сада ин вобаста ба Хуршед аст. Барои дуруст баён намудани матлаб ба як нуктаи дигар равшанӣ бояд андохт. Баъзеҳо Хуршед ва Меҳрро як медонанд, ки ин тавр ҳам нест. Меҳр ё Митро (ба авестоӣ «Мисра», паҳлавӣ «Митр») маънои зиёд дорад. Аз ҷумла аҳд, паймон, муҳаббат, Хуршед, ҳафтумин моҳи сол, рўзи шонздаҳуми ҳар моҳи шамсӣ ва ѓ. Меҳр фариштаи аҳду мисоқу фурўѓ дар Эрони Бостон буд ва ўро фариштаи меҳру дўстию аҳду паймон ва мазҳари фурўѓу рўшноӣ мепиндоштанд.

Инъикоси ваҳдати ориёиҳои қадим дар осори таърихии Эмомалӣ Раҳмон

Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстдор ва посдори таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирӯзу имрӯзи миллатамон мебошанд. Ин ишқу алоқа ба арзишҳои волои таърихию фарҳангии ин миллати тамаддунофару фарҳанггустар аз ҷониби ин абармарди майдони сиёсат аз ибтидои даврони ба қудрат расиданаш то ба имрӯз бараъло ва возеҳу равшан ба чашм мехӯрад.

Дебои зарбофти порсӣ (чанд мулоҳиза дар ҳошияи нашри нахустини «Таърихи Байҳақӣ» ба алифбои кириллӣ)

Беш аз чил сол аст, ки банда дар низоми донишгоҳии кишвар ба тадрис ва муҳимтар аз он ба таҳқиқ машғулам. Бояд эътироф кунам, ки хондан бароям ҷолибтару дилангезтар аз навиштан аст. Зеро бо хондани ҳар навиштаи арзишманд нуктҳои навро фаро мегирам, ки дар ҷараёни дарс ва ҳатто зиндагӣ маро ба кор меояд. Шукр аз истиқлолият мекунам, ки яке аз самарҳои он ҳамин истиқлоли фарҳангист. Ҳарчанд мо тоҷикон дар замони Шўравӣ дастовардҳои зиёди фарҳангӣ доштем, вале боз ҳам он тавре ки бояд наметавонистем бо мероси бузурги аз ниёгонамон расида ошноӣ пайдо кунем.

Бузургтарин рисолаи тиббӣ дар Чин

Тиббу дорусозӣ дар кишвари Чин аз давраи ниҳоят қадим сарчашма мегирад. Бар хилофи Мисру Бобул, Ҳиндустон, Юнони Қадим, Рим, кишвари Форс ва давлатҳои араб бисёр ёдгориҳои хаттии Чин то замони мо маҳфуз мондаанд, ки пешрафту тараққиёти илми тибро дар замонҳои қадим инъикос менамоянд. Аз ин мероси бузург бештар аз 4250 асар маълум аст, ки зиёда аз 30 000 китобро дар бар мегирад.

Афкори маорифпарварӣ ва ҷадидони Бухоро

Маълум аст, ки дар ҳама давру замон равобити адабӣ миёни кишварҳои олам вуҷуд дошт. Хусусан, тайи ду-се қарни охир ин гуна робитаҳо бисёр авҷ гирифтаанд. Дар масъалаи таъсир доштани адабиёти форсу тоҷики асрҳои миёна ба аксар кишварҳои олам маводи фаровон ва таҳқиқоти зиёде ба мушоҳида мерасад. Пас аз асри XVII адабиёти кишварҳои ѓарбӣ якбора рушд карда, минбаъд ба адабиёту жанрҳои адабии кишвари мо низ бе таъсир набудааст.

Илми таърих ва дониши ҷавонон

Ба таъкиди донишмандон таърих яке аз фанҳои муҳимми  таъсиррасон дар ахлоқи ҷомеа, ба хусус дар ахлоқи ҷавонон буда, шахсе, ки таърихро меомўзад, ҳатман, ватани хешро дўст медорад. Донистану омўхтани таърих шинохтани гузаштагони худ, тараққиёти кишвар, донистани рушди илму маърифат ва забону ватани хеш буда, худшиносӣ, якдилӣ ва ваҳдати миллатро ба вуҷуд меорад.  Ҳамин аст, ки мақсаду мароми ҳар як муаррих  хонандаро ба роҳи хештаншиносӣ, ба қадри неъматҳои замон расидан, ҳисси миллӣ ва дар рўҳияи ватандўстӣ тарбият намудан аст.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj