Таърихӣ

Илми таърих ва дониши ҷавонон

Ба таъкиди донишмандон таърих яке аз фанҳои муҳимми  таъсиррасон дар ахлоқи ҷомеа, ба хусус дар ахлоқи ҷавонон буда, шахсе, ки таърихро меомўзад, ҳатман, ватани хешро дўст медорад. Донистану омўхтани таърих шинохтани гузаштагони худ, тараққиёти кишвар, донистани рушди илму маърифат ва забону ватани хеш буда, худшиносӣ, якдилӣ ва ваҳдати миллатро ба вуҷуд меорад.  Ҳамин аст, ки мақсаду мароми ҳар як муаррих  хонандаро ба роҳи хештаншиносӣ, ба қадри неъматҳои замон расидан, ҳисси миллӣ ва дар рўҳияи ватандўстӣ тарбият намудан аст.

Кошифи рӯзгори бонувони тоҷик

Вақте ба таърихи таъсиси факултети таърих менигарем, пеш аз ҳама, симои муаррихи нуктасанҷ ва олими шинохта Мансур Бобохонов– аввалин декан, сарвари он пеши назар меояд. ӯ марди хеле ҳам ситорагарм, ҳалим, нармгуфтору ботавозӯъ ва ботамкине буд. Мо, шогирдон аз рӯзи аввали донишҷӯӣ эшонро ҳамин хел шинохтем. Мансурхон Бобохонов дар ҳамон рӯз моро бо як самимияти хоссе  бо устодони факултет шинос кард. Дар байни онҳо олимони маъруфу муаррихони номӣ ба мисли М.Р. Шукуров, Ҳ. Назаров, А.Т. Слонимский, Ҷ. Усмонов, А. Ҷалилов, Ш. Ҷалилов, Ю. Шибаева, Т. Луқмонов ва дигарон буданд.

Нигоҳе ба таърихи ҷашни Меҳргон

Ҷашни Меҳргон аз ҷашнҳои бисёр бузург ва бо фарру шукўҳи аҷдодони мо дар аҳди бостон будааст. Ин идро дар қадим Митроконо мегуфтанд ва баъдҳо номи Меҳргонро гирифт. Ин ҷашни бузург аз меҳррўз (16 меҳр – 8 октябр) оғоз ёфта, то Ромрўз (21 меҳр – 13 октябр), яъне шаш рўз тўл мекашид. Рўзи оғози ҷашнро меҳргони омма ва рўзи анҷомашро меҳргони хосса мегуфтанд. Бархе аз муҳаққиқон навиштаанд, ки меҳр номи хуршед аст ва дар ин рўз хуршед ошкор шуда, курраи моҳ, ки то он рўз гўё торикӣ буд, аз хуршед фурўғ ва рўшноӣ гирифт. Ба навиштаи «Бундаҳиш» Машӣ ва Машиёна дар ҳамин рўз зода шуданд.

Саҳмгузори илму маориф

(Бахшида ба 110-солагии зодрўзи нахустректори ДМТ З.Ш. Раҷабов)

«Ба комёбиҳои баланд ноил гардидани Донишгоҳ аз ғайрату кордонии роҳбарони он вобаста аст. Дар давраи таъсисёбӣ сарварии онро яке аз инсонҳои наҷиб,  роҳбари таҷрибадор, номзади илми таърих З.Ш. Раҷабов (баъдан доктори илм, профессор, узви пайвастаи АИ ҶТ) ба уҳда  дошт. Номбурда дар ташкил ва мустаҳкам гардидани пояҳои моддии ин маркази илму маърифат саҳми намоён гузоштааст».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  

Ман зиндаям, бо шумоям

ЛОИҚИ ҶОВИДОН
 Лоиқ Шералӣ айёми кўдакиро дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти қадим, ки то замони омадани Русия аз тобеоти Самарқанд буд, ба сар бурдааст. Таронаҳои мардумӣ (байти фард, рубоӣ, дубайтӣ), ки онҳоро бештар занон дар ёд медоштанд, мактаби аввалини завқи сухан барои Лоиқ будаанд.
То ба мақоми устодии шеъру сухани форсии тоҷикӣ ў аз роҳи мутолиаю мушоҳидаи адибони гузашта худро парварида, асли шоириаш на таълимӣ, балки аз табъи зотӣ ва чуноне ки дар урфи тоҷикӣ мегўянд, худодод будааст.

Иди кимиёгарон

      Аз соли 1966 инҷониб ҳар сол охири ҳафтаи моҳи май дар ҷумҳурӣ иди кимиёгарон ҷашн гирифта мешавад. Ин идро кимиёгарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо комёбиҳои калони меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Дар ин ҷашн олимони шинохтаи соҳа аз ҷумҳурӣ ва берун аз ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд. Факултети кимиё аз соли ташкилёбии худ то имрӯз зиёда аз 15000 нафар мутахассис тайёр намудааст, ки 200 нафари онҳо номзади илми химия мебошанд. 

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj