Таърихӣ

Муаррих ва бостоншиноси барҷаста

Пажўҳиши таъриху тамаддуни ниёгони тоҷикон- суғдиёне, ки дар воқеъ қавми созанда ва соҳибназари Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд, дар олами илм якчанд мактабҳои барҷастаи суғдшиносиро ташаккул додаанд. Яке аз чунин мактабҳо дар заминаи ховаршиносии классики рус дар ИҶШС зуҳур кард, ки чанд насли олимони суғдшиносро тарбия намуда, дар шинохту баррасии таъриху маданияти ғановатманди Суғд ва суғдиён корҳои назаррасеро ба сомон расониданд.

Радиои Тоҷикистон дар масири таърих

Воситаҳои ахбори омма аз қабили радио, матбуот ва телевизион ба фаъолияти ҳамарўзаи худ бо роҳи таҳлилу масъалагузории соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба Ҳукумат дар ҳалли масъалаҳои мушаххаси сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ кумак мерасонанд. Яке аз ин гуна воситаҳои муассир радио аст. 

Маънои номи моҳҳо

Ҳар рўз номи моҳҳои мелодиро такрор ба такрор истифода ва талаффуз менамоем ва он моҳҳо зиндагии ҳаррўзаи моро ба танзим медароранд. Санаҳои беҳтарини ҳаёти мо аз қабили зодрўз ва дигар рўзҳои фаромўшнашаванда маҳз ба онҳо вобастаю хотирнишинанд. Аммо боре намеандешем, ки номи онҳо аз куҷо пайдо шудаанд ва чи маъноеро дар худ нуҳуфтаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки номи моҳҳо ҳама калимаҳои лотиниасл мебошад: 

Рустам Ҷўраев - забоншиноси асил

Рустам Ҷўраев 1 марти соли 1937 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Солҳои 1954-59 дар факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло ба итмом мерасонад.

Дорбозӣ дар Наврўзгоҳ

Дар гузаштаҳо тоҷикон Наврўзро дар шаҳрҳои Осиёи Миёна беш аз 40 рўз ҷашн мегирифтанд. Ба гуфти устод Айнӣ дар Бухоро гоҳе беш аз 70 рўз идома дошт. Дар рўзҳои Наврўз дар наврўзгоҳ ҳунарҳо ва бозиҳои гуногуни мардумӣ намоиш дода мешуд, ки яке аз он дорбозӣ буд, ки он пас аз ҷашн низ идома ёфта, мардуми зиёд ба тамошоя меомаданд.

Наврӯз - ойини зиндагисоз

Ҳар чор фасли сол – баҳору тобистон ва тирамоҳу зимистон ҳусниёти ба худ хосе доранд ва шукӯҳу шаҳомати табиат, рангомезиҳои ҳайратовари онро гуна-гуна ба назари инсонҳо намоён мекунанд.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj