Хабар

Масъалаҳои иқтисодӣ

Системаи нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагӣ, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудааст, 12 гурўҳи нишондиҳандаро дар бар мегирад, ки он аз таваллуд, фавт ва дигар нишондиҳандаҳои демографӣ, шароити зисти санитарӣ ва гигенӣ, истеъмоли молҳои озуқаворӣ, шароити манзилӣ, маориф ва маданият, шароити меҳнатӣ, даромад ва хараҷоти аҳолӣ, арзиши зиндагӣ ва нархҳои истеъмолӣ, воситаҳои нақлиёт, ташкили истироҳат, таъминоти иҷтимоӣ ва озодии инсон иборат мебошад.

Театерфестивали тарбиявӣ

Ҳар сол чун анъана бо ташаббус ва дастгирии Хадамоти Мубодилаи Академии Олмон (ХМAО ((DAAD)) байни омўзандагони забони олмони театерфестивал бо забони олмонӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Театерфестивали имсола дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузашт, ки дар кори он донишҷўён аз Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Точикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгорӣ, Донишкадаи давлатии забонҳо ва толибилмон аз мактаби таҳсилоти миёнаи №89 – и пойтахт иштирок доштанд. 

Нишастҳои илмӣ

Бахшида ба Соли ҷавонон бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии забони англисӣ дар мавзўи «Масъалаҳои актуалии истилоҳсозӣ дар забонҳои гуногунсохт» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар нишаст устодону муҳаққиқон  аз муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, аз ҷумла устодони Донишгоҳи давлатии омўзгорӣ, Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишкадаи забонҳои ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Омўзиши муқоисавии забонҳо

Бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ дар мавзўи «Нақши омўзиши муқоисавии забонҳо дар рушди забоншиносӣ» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар конференсия намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт ва устодону муҳаққиқони кафедраи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат

Чун анъана дар арафаи таҷлили Рўзи ҷавонон - 23-май бо ташаббуси Шўрои олимони ҷавони донишгоҳ ҳамасола конференсияи ҷумҳуриявӣ байни олимон ва муҳаққиқони ҷавон баргузор мегардад. Имсол чунин конференсия тибқи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуда, санаи 18-19-уми май дар мавзўи «Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат-роҳнамои ҷавонон барои имрўзу ояндаи дурахшон» бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Семинари байналмилалӣ

Бо ташаббуси Маркази иттилоотии Хадамоти Мубодилаи Академии Олмон (DAAD)  ва фонди ба номи Роберт Бош аз санаи 8 то 12 майи соли 2017 дар Донишгоҳи Олмонию- Қазоқии шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ дар соли 2030 (аз нигоҳи журналистика)» семинари назариявӣ баргузор гардид. Семинари мазкур барои шавқмандону дӯстдорони илми журналистика баргузор гардида, дар он намояндагони 5 давлати Осиёи Марказӣ иштирок намуданд. Дар ин чорабинӣ  иштирокчиён доир ба нозукиҳои илми журналистика ва истифода аз технологияи муосир маълумот гирифтанд.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj