Хабар

Семинари байналмилалӣ

Бо ташаббуси Маркази иттилоотии Хадамоти Мубодилаи Академии Олмон (DAAD)  ва фонди ба номи Роберт Бош аз санаи 8 то 12 майи соли 2017 дар Донишгоҳи Олмонию- Қазоқии шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ дар соли 2030 (аз нигоҳи журналистика)» семинари назариявӣ баргузор гардид. Семинари мазкур барои шавқмандону дӯстдорони илми журналистика баргузор гардида, дар он намояндагони 5 давлати Осиёи Марказӣ иштирок намуданд. Дар ин чорабинӣ  иштирокчиён доир ба нозукиҳои илми журналистика ва истифода аз технологияи муосир маълумот гирифтанд.

Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Рӯзи 19-уми март ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар “Шаҳраки донишҷӯён” Наврӯзи байналмилалиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд. Донишҷӯён либосҳои зебои баҳорӣ ба бар намуда, дар рӯи мизҳо таомҳои миллӣ ва ҳафтшину ҳафтсини наврӯзиро ороста карданд. Ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. устодону донишҷӯёнро ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳният гуфта, ба эшон саодату иқбол ва комёбиҳо таманно намуд.

Савдои одам - ҷинояти фаромиллӣ

Бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносӣ бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва раисони бахши кор бо занон ва духтарони факултетҳо дар мавзўи «Савдои одам ҳамчун ҷинояти фаромиллӣ ва таъқиби ҷинояти он» нишасти судманд баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии устоди факултет  профессор Т.Ш.Шарипов оѓоз ёфт.

Аз ҳаёти занони роҳбар

Дар Китобхонаи миллӣ, бо иштироки намояндагони сохторҳои илмию таълимӣ ва ҷамъиятии фарҳангӣ рўнамоии китоби «Бонувон дар сиёсат» баргузор гардид. Дар нишаст  муовини Раиси ҲХДТ, доктори илмҳои филология Раъно Бобоҷониён ва Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими ҷамъияти сиёсӣ  Хайриниссо Юсуфӣ оид ба саҳми бонувон дар рушди соҳаҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДМТ

Соати 10:00 рӯзи 10-уми январи соли ҷорӣ дар бинои марказии ДМТ нишасти матбуотӣ бо иштироки ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С., ноибони ректор, устодони факултети журналистика ва намояндагони ВАО-и кишвар, аз ҷумла, рӯзноманигорони шабакаҳои телевизонии ҷумҳурӣ, рӯзноманигорону кормандони нашрияҳову сомонаҳои давлативу хусусӣ иштирок намуданд. Нахуст шакли чопии ҳисоботи солонаи  ректори ДМТ дастраси ҳама намояндагони ВАО гардонида шуд.

Сухан аз эҷоди донишманди маъруф

Дар факултети филологияи тоҷик бахшида ба 90-солагии донишманди зиндаёд, узви пайвастаи АИ ҶТ, донишманди маъруф Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар мавзӯи «Муҳаммадҷон Шакурӣ ва худогоҳии миллӣ» маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони Иттифоқи нависандагон ва донишмандону толибилмони риштаи филологӣ иштирок доштанд. Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. оғоз ёфт. Дар нишаст иштирокчиён роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти М.Шакурӣ суханронӣ намуда, саҳми ӯро дар рушди забону адабиёт ва таъриху фарҳанги тоҷик махсус ёдоварӣ шуданд.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj