Хабар

Сухан аз қонуну масъулият

Дар бинои асосии Донишгоҳи миллӣ вохўрии устодону донишҷўёни донишгоҳ бо судяҳои Суди шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар вохўрӣ   муовини раиси Суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А., ва судяҳои Суди шаҳри Душанбе Абдулѓанизода А., Мусобекзода Т. иштирок карда, дар мавзўъҳои мукаммал гардидани меъёрҳои ҳуқуқии мамлакат пас аз ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ  суханронӣ намуданд. 

Ҳафтаи забони арабӣ

Бо дастгирии Раёсати ДМТ ва садорати  факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, инчунин, ташаббуси кафедраи филологияи араби факултети мазкур «Ҳафтаи забони арабӣ» дар толори калони Шаҳраки донишҷўёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар ифтитоҳи нишаст декани факултет, дотсент Р. Шодиев, мудири кафедраи филологияи араб, дотсент А. Саломов, профессори кафедра С. Сулаймонов ва зумрае аз устодони забони арабӣ дар мавриди забони арабӣ ва мавқеи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин, гузаронидани «Ҳафтаи забони арабӣ»  дар Тоҷикистон ва берун аз он суханронӣ намуданд.

Ҳафтаи франкофонӣ

Чун анъана имсол дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо чорабинии илмӣ-фарҳангӣ зери унвони «Ҳафтаи забони франсавӣ» (Ҳафтаи франкофонӣ) дар толори фарҳангии Шарифҷон Ҳусейнзода баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбари дастгоҳи маъмурии сафорати Фаронса дар ҶТ, хонум Карима Азнак, директори Маркази фарҳангии «Бохтар» Марк ду ла Фушардиер, роҳбари барномаҳои «Кампус» дар Тоҷикистон, хонум Усмонова Ҷамила, муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Х. Ғафуров ва зумрае аз устодони риштаи забономўзии донишгоҳ иштирок доштанд. 

Ғолибони олимпиадаи шаҳрӣ

Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳар сол миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи мамлакат аз рўи фанҳои таълимӣ олимпиадаҳои сатҳи гуногун гузаронида мешавад. Чанде қабл миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва литсею гимназияҳо олимпиадаи шаҳрӣ аз фанҳои кимиё, биология, география, физика, таърих, забони тоҷикӣ, забони давлатӣ ва ҳуқуқ доир гардид. Дар олимпиадаи мазкур дастаи олимпии хонандагони Литсейи равияи табиии риёзии ДМТ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Вохўрии судманд

Дар факултети иқтисод ва идора дар мавзўи «Ҷавонон ва ҳимояи арзишҳои миллӣ» бо иштироки мутухассис пешбари раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Суфиев, муовини сардори раёсати пешгирии ҷинояткорӣ, кор бо ноболиѓон ва ҷавонони ВКД, лейтинанти калон Акобир Саидов ва мутахассиси бахши тарбияи донишгоҳ Ҷумъахон Нозилшоев баргузор гардид.

Тавзеҳи муҳимтарин мавзўъҳо

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, ҳисси ватандўстии донишҷўён, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва фаъолона иштирок намудани ҷавонон-донишҷўён дар раъйпурсии умумихалқии дарпешистода вохўрӣ бо иштироки роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Додозода А., сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Азизуллозода С.А., сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм С.С. Афғонов ва намояндаи Вазорати адлия Ш. Ғаюров дар толори калони Донишгоҳи миллӣ доир гардид.  

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj