Хабар

Ю Э Бин дар Донишгоҳ

Тавре дар шумораи гузашта иттилоъ дода будем, раёсати ДМТ тасмим гирифтааст, ки бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра нишастҳои судмандро бо сафирони давлатҳои гуногуни хориҷӣ баргузор намояд. Ин дафъа чунин вохўрӣ бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю Э Бин баргузор гардид. Дар ифтитоҳи нишаст ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. оид ба ҳамкориҳои илмию таълимии ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин суханронӣ намуд.

Сафирон дар донишгоҳ

Маҷаллаи илмии нав

Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси садорати факултети ҳуқуқшиносӣ дар пояи кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи конститутсионии факултет маҷаллаи илмии нав бо унвони «Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон» таъсис дода шуд. Гуфта мешавад, ки дар маҷаллаи мазкур мавод оид ба масъалаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла масоили ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, дипломатӣ, таърихӣ, забонӣ ва ғайра, ки ҳар яке аз паҳлуҳои муҳимтарини самти фаъолияти давлатдорӣ ба шумор мераванд, ба нашр мерасад.

Меҳмонон аз Донишгоҳи Салом

Ректори ДМТ, академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо ректори Донишгоҳи Саломи Қундузи Ҷумҳурии исломии Афғонистон Муҳаммад Хон ва роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳи мазкур мулоқот намуд.
Меҳмонон ҳадафи ташрифи худро ба ДМТ ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои илму таълим  унвон карданд. Ибтидо ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. дар мавриди шарту шароити илмиву таълимии донишгоҳ суханронӣ на¬муда, таъкид ба рушди муносибот ва тавсеаи ҳамкориҳо намуд.

Ҳамкориҳои байналмилалии олимон

Дар  доираи  шартномаи  тарафайн  ҳамкориҳои  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бо Донишгоҳи  давлатии  Белоруссия, Донишгоҳи  давлатии  Маскав  ба  номи  М.В. Ломоносав  ва  дигар  муассисаҳои таҳсилоти олии  Академияи  илмҳои   Федератсияи  Русия хуб ба роҳ монда шудааст. Дар асоси ин ҳамкориҳо олимони соҳаҳи гуногун ба  Донишгоҳи  миллӣ, хусусан ба  факултети  физика  ташриф  меоранд. 

Як соли дастовардҳо

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бурду бохт ва натиҷаи дастовардҳои як соли фаъолияти устодону кормандони донишгоҳ (соли 2015) ва омодагиву вазифаҳо барои соли 2016 чун анъана дар ҷаласаи васеи Шўрои олимони донишгоҳ дар сатҳи баланд муҳокима гардид. Дар ҷаласа муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj