Хабар

Роҳбарияти ДМТ бо рўзноманигорон

Дар толори Шўрои олимони бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии солонаи донишгоҳ бо иштироки аксар роҳбарону намояндагони сохторҳои донишгоҳ ва рўзноманигорони ҷумҳурӣ доир гардид.

Таҳлили компютерӣ

Бо ибтикори Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи 10-уми байналхалқӣ оид ба таҳлили компютерии проблемаҳои илм ва технология баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур устодону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва муҳаққиқону унвонҷўёни кишварҳои Эрон, Афғонистон иштирок намуданд. Ҳамоиш бахшида ба 50-солгии таъсисёбии факултети механикаю математика доир гардид, ки он бо суханронии муовини ректори ДМТ оид ба илм, профессор С.М.Сафармамадов оғоз ёфт.

Терроризм дар замони муосир

Бо ибтикори факултети фалсафа дар мавзўи «Терроризм: моҳият, хосиятҳо ва раванди ташаккулу инкишоф» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар нишасти мазкур устодону муҳаққиқони муассисаҳои олии пойтахт ва намояндагони сохторҳои гуногуни мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд. Конференсия бо суханронии муовини ректори ДМТ оид ба илм, профессор С. Сафармамадов оѓоз ёфт.

Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пахши онлайни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз саоти 10:00 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад ва аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизион ва радио мустақиман пахш гардонида мешавад.
Сайти Кумитаи телевизион ва радио низ пахши онлайнро  ба роҳ монда, ба роҳатӣ метавонед Паёми исмоларо тамошо намоед. 

Гузориши муфассал аз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ (Видео)

Гузориши муфассал аз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ (Видео)

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj