Хабар

Ҳамоиши илмӣ-адабӣ

Бо ибтикори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филология бахшида ба 80 – солагии адабиётшиноси машҳури тоҷик, профессор Аълохон Афсаҳзод семинари илмӣ баргузор гардид. Семинар бо суханронии муовини ректори ДМТ оид ба илм, профессор Сафармамадов С. ва декани факултет, профессор М. Нарзиқул оѓоз ёфт. Дар нишаст устодону аспирантон ва донишҷўёни риштаи адабиётшиносӣ иштирок намуда, аз ҷониби устодон  - доктори илмҳои филология, профессорон Х. Шарифов, Б. Мақсудов, Ш. Исрофилниён ва дотсент М. Зайниддинов роҷеъ ба саҳми профессор А.

Азамат Қодиров - ғолиби озмуни «Истеъдод»

Соҳибистеъдод

В. Шекспир - нобиғаи ҷаҳонӣ

Ҳамасола моҳи ноябр бахшида ба бузургдошти нобиғаи ҷаҳонӣ, шоир ва драматурги англис Вилям Шекспир на танҳо дар Англия, балки дар тамоми дунё чорабиниҳои фарҳангӣ бо шукўҳу шаҳомати хоса доир  мегарданд. Имсол низ дар толори фарҳангии ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллӣ бо ташаббуси устоди кафедраи забони англисии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, дотсент Дадоҷонова И. Б., дастгирии бевоситаи садорати факултет ва иштироки донишҷўёни курси 2-юми ихтисоси арабӣ-англисӣ маҳфили фарҳангӣ доир гардид.

Инкишофи илми кимиё

Дар факултети кимиё конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Дурнамо ва инкишофи илми муосир оид ба нанохимия, нанотехнология ва синтези моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол» бо иштироки олимону муҳаққиқон ва аспирантону донишҷўёни соҳа баргузор гардид. Ҳамоишро муовини ректори ДМТ оид ба илм, профессор С. Сафармамадов ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба аҳамият ва саривақтӣ будани баррасии мавзўи нишаст суханронӣ намуд. 

Дастовардҳои яксолаи Шўро

Шўрои диссертатсионӣ аз физика оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ихтисосҳои 02.00.06 – пайвастагиҳои калонмолекулӣ; 01.04.07 – физикаи муҳитҳои конденсӣ; ва 01.04.02 – физикаи назариявӣ бо қарори комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия, таҳти рақами № 622 НК, аз 07. 11. 2014 таъсис ёфта буд. Аз 23 нафар узви Шўро 22 нафарашон соҳиби унвони доктори илм мебошанд. Раисии Шўроро профессор Бобоев Т. Б, ҷонишин узви вобастаи АИ ҶТ, директори Пажўҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи  С. Умарови  назди АИ ҶТ, профессор Мўминов Ҳ. Ҳ.

Рушди туризм

Дар факултети молиявию иқтисодӣ бо ибтикори кафедраи иқтисод ва идораи туризм дар мавзўи «Рушди туризми рекреатсионӣ дар шароити муосир» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва муҳаққиқони муассисаҳои олии пойтахт иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар нишаст аз ҷониби иштирокчиён роҷеъ ба масъалаи туризм ва нақши он дар ташаккули иқтисоди миллӣ, инчунин, мушкилоти ҷойдошта дар рушди туризми рекреатсионӣ маърўзаҳо қироат ва баррасӣ шуданд. 

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj