Аз Паём то Паём

Татбиқи Паём дар самти фарматсия

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Бад-он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Паём - заминаи ташаккулли рушди иқтисодиёти миллӣ

Агар ба пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ назар афканем, воқеан, имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии хеш ба комёбиҳои бузург ноил шудааст. Албатта, бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта соҳаҳои зикргардидаи мамлакат зина ба зина рушд карда истодааст. Чи тавре Пешвои миллат  дар Паёми навбатӣ қайд намуданд: «Дар кишвар аз охири соли 1997 барои таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуд».

Зуҳуроти хатарзои замон (Масъалаи терроризму экстремизм дар Паём)

Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, проблемаи глобалии терроризму экстремизм аст. Ин ҷараёни хатарзо ба худ хусусияти фаромарзӣ касб карда, кулли сайёраро водор мекунад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани зарари он андеша намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин проблемаҳо бетараф буда наметавонад. Бахусус, дар шароите, ки кишвари ҳаммарз ва ҳамфарҳанги мо - Афғонистон дар ҳоли муташанниҷу бесуботӣ қарор дорад, ҷомеаи Тоҷикистонро ин вазъият дучанд нигарон мекунад.

Роҳнамои рўзгори босаодати мо

Замони муосир бо ҳама тазодҳояш дар сарнавишти инсоният нақши барозанда дорад. Ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол чун узви фаъоли ҷомеаи башарӣ дар баррасиву ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир саҳми арзанда мегузорад. Ва ин обруву эътибори байналхалқии Тоҷикистони азиз ба фаъолият, ибтикорот ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз сиёсати дурандешона ва башардўстонаи Пешвои муаззами тоҷикон моро ба ҷаҳониён чун мардуми соҳибтамаддун ва куҳанбунёд муаррифӣ кард.

Паём - роҳнамо ба сўйи фардо

Ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти љомеа арзёбӣ мегардад. Ин андеша мо-омўзгорони макотиби олиро водор месозад, боз ҳам ба масъалаи таълиму тарбияи насли љавон дар муассисаҳои таълимии кишвар диққати бештар зоҳир намуда, љавононро дар рўҳияи ватандўстию меҳнатдўстӣ тарбия намоем. Боиси хушнудист, ки дар тўли 25-соли Истиқлолияти давлатии Љумҳурии Тољикистон теъдоди макотиби олӣ афзуда, шумораи донишљўён низ зиёд гардидааст.

Андешаҳо дар ҳошияи Паём баҳри беҳтар намудани дастаҳои олимпии донишҷўён

 

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj