Аз Паём то Паём

Рушди неруи инсонӣ

Беҳбудӣ бахшидан ба рушди неруи инсонӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Рушди он неруе, ки ҳазорсолаҳо дар ҷодаҳои гуногуни илму маърифат дунёро мафтун намудаасту беҳтар аз он каломҳо сухане ё таъбире касе наметавонад ёбад. Эътимоди Пешвои миллат ба ҷавонон - созандагони ҷамъияти солим нигаронида шуд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва буҳронҳои пай дар пайи иқтисодӣ, мутаассифона, бархе аз ҷавонони мо низ ба буҳрони донишандўзӣ мубтало шудаанд.

Се ҳадафи рушди стратегӣ дар партави паём

Дар соли ҷорӣ яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллӣ, ки бори дигар аз пешравию гулгулшукуфӣ, сулҳу субот ва ҳамдиливу ҳамбастагии миллат дарак медиҳад, яъне 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил карда шуд. Воқеан, ҷашни 25-солагии Истиқлолият намои дигаре аз якдилӣ ва дастовардҳои ду даҳсолаи ахир ба шумор рафта, баёнгари созандагии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат мебошад. 

Ҷавонон бояд масъулиятшинос бошанд!

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳама суханрониҳо ва Паёмҳои худ ба ояндасозу парчамбардори миллат будани ҷавонон таъкид намуда, ҳамеша бовариву эътимоди худро нисбат ба ҷавонон эълон медоранд ва ҳама гуна гулгулшукуфию пешрафти кишварро бо саҳму ташаббуси ҷавонон алоқаманд дониста, таваҷҷуҳи тамоми сохторҳоро дар робита ба тарбия ва дастгирии ин қишри ҷомеа таъкид менамоянд.

ТАШАББУСИ ДИГАРИ СОЗАНДА

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз касб намудани истиқлолияти давлатӣ дучори ҷанги таҳмилӣ гашт ва чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки рӯзи 22-юми декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд.

СОЛИ ҶАВОНОН - СОЛИ СОЗАНДАГӢ

Ҷавонон парчамбардорону созандагонеанд, ки бақову мондагорӣ ва оламшумуливу шуҳраи офоқ гаштани миллат дар фардо ба онҳо бастагии ногусастанӣ дорад. Ҳар тағйиру таҳаввуле, ки дар ҷаҳони дирӯзу имрӯз ба амал мепайвандад, пеш аз ҳама, бархоста аз неруи ҷисмиву равонӣ ва зеҳнии ҷавонон мебошад. Ҳамин аст, ки ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба вижа мавриди таваҷҷуҳу ғамхории падаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи муҳимми Авруосиё, ки Осиёи Марказиро бо нимҷазираи Ҳинду Чин мепайвандад, ҷойгир аст ва дар равандҳои ҷаҳонии сатҳҳои минтақавию байналмилалӣ иштироки фаъол дорад. Вале ин ширкати фаъолонаи миллат ва ба арсаи ҷаҳонӣ баромадани Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj