Шукрона аз сулҳу хоби нози тифлон мекунам…

Дил мехоҳад, ки чизе нависам. Вале дар интихоб душворӣ мекашаму раҳгум мезанам. Яке аз дигараш дар назарам муҳимтар менамояд. Тавсияҳои устодон дар мавриди навиштану эҷод бошад, дар як гўшаи хаёл пайваста давр мезананд. Замоне занҷираи хаёлҳоямро садои муниси модарам қатъ кард. Ў мегуфт: «Хонаро ором нигоҳ доред, кўдак хоб кунад». Баъди чанд лаҳза бо аллаи модарам, тифл чунон хоби ширин рафт, ки ҳавасам омад. Хона ором шуд. Даме ба хоби пурнозу ширини тифл менигарам. Бо андешаҳои дуру дарози беохир ба берун мебароям. Фазои ҳавлиамонро хандаи кўдакон пахш мекард.

Бо равзанаи журналистикаи сиёсӣ

(дар ҳошияи мақолаи доктори илмҳои фалсафа Саидмурод Фаттоҳзода бо номи «Ҳазорсола роҳ аст, аз ту то мусалмонӣ!...» АМИТ Ховар, 10.02.2017)

 

Ҳикмати ҳокимияти хабар

Ду тарзи дуруст ва нодурусти ифода дар ҷумла

Худ қазоват кунед, ки кадом тарзи ифода мутобиқи тарзи табиии баёни матлаб ва қобили қабул аст ва кадом тарзи ифодаи фикр сунъӣва ба табиати забони тоҷикӣбегона ва қобили қабул нест:
П е ш о я н д и  бо (дар) назардошти:
Хизматҳои Тоҷиддин Имомалиевро ба назар гирифтасоли 1963 ба ўунвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣдоданд (А.Баҳорӣ).
Бо дарназардоштихизматҳои Тоҷидин Имомалиевсоли 1963 ба ўунвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣдоданд.

Мушкилоти ҷавонон ва роҳҳои ҳалли он дар ҷомеа

Вақтҳои охир мушкилоти ҷавонон дар ҷомеа зиёд шудааст. Дар баробари мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, бекорӣ ва камбудиҳои ҷавонӣ ақидаҳои ифротӣ ва ғояҳои иртиҷоии «хориҷӣ» низ мафкураи ҷавонони моро табоҳ менамоянд. Ба ин амр як қатор омилҳо мусоидат менамоянд, ки баррасӣ намудани онҳо аз аҳамият холӣ нест. Яке аз мушкилоти асосии ҷавонон дар ҷомеаи муосир ин поён рафтани меъёрҳои ахлоқӣ ба шумор меравад.

Тақвияти сармояи инсонӣ - нуктаи ҳадафраси Паём

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ  дар баробари ёдрас намудани роҳи тайкардаи халқи Тоҷикистон дар тўли чоряк аср, инчунин, ба озодӣ ва истиқлолият бори дигар арҷ гузошта, падидаҳои мазкурро «дастоварди бузургтарин ва ѓояи муқаддаси миллӣ» номиданд. Чунин арҷгузории Президент ба падидаҳои зикргардида бесабаб нест, зеро ҷомеаи Тоҷикистон маҳз тавассути онҳо ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj