Назму тартиб ҳар куҷоест устувор…

Кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геология мисли дигар кафедраҳои Донишгоҳи миллӣ дар тарбия кардани мутахассисони варзидаи соҳа нақши муҳим дорад. Дар ин кафедар соли 2011 муаллими калон Ғайратов Маликдод Топалангович ба ҳайси мудири кафедра таъйин шуд. Дар он сол кафедра аз ҳисоби кадрҳо ва устодони унвондор танқисӣ мекашид. Бо пешниҳоди мудири кафедра профессор Тоҷибеков М. аз дигар кафедра ба ҳайси профессор фаъолиятро дар кафедраи мазкур оғоз кард. Ба ин тартиб Ғайратов М.Т.

Рустам НАЗАРОВ: СОҲИБИСТИҚЛОЛИРО МИСЛИ ГАВҲАРАКИ ЧАШМ ҲИФЗ МЕБОЯД НАМУД...

- Устоди гиромӣ, қаблан дар мавриди дастовардҳои факултет дар соли 2016-2017 чанд сухан мегуфтед?

Тоир ХОҶАЕВ: Таҳсилоти фосилавӣ дар низоми таълим талаботи замон аст…

Бо пешрафти илму техника дар ҳама ҷодаҳои зиндагӣ дигаргунӣ ва равишҳои тозаву замонавӣ ба майдон омад. Таълим низ аз ин дигаргуниҳо канора намонда, равишҳое наве дар он эҷод шудааст, ки дар он технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. Аз ҷумла дар ин айём дар раванди таълим таҳсилоти фосилавӣ матраҳ ва дар бузургтарин донишгоҳҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта истодааст. Чунончи тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз …..

Нахустин паштушиноси тоҷик

Дар ин мақола қарор аст, нигоҳе кўтоҳ ба масири зиндагии яке аз устодони номдори кафедраи филологияи Эрон, дўстдори сарсупурдаи фарҳангу адаби мардуми Шарқ, равоншод Савлатшо Мерганов афканда шавад. Аслан кам иттифоқ меафтад, ки нафаре тамоми умри худро ба омўзиш ва таҳқиқи ягон соҳаи илм сарф карда бошад. Дар пайроҳаи пурпечутоби илм ва тарбия пайдо намудани мақом ва манзалати хосса ва миёни мардум эътироф шудан бисёр мушкил аст.

Сухане чанд дар бораи вазъи кунунии забони тоҷикӣ

Дар ҷаҳони муосир ҳеҷ забоне вуҷуд надорад, ки аз забонҳои дигар ва махсусан аз забонҳои ҳамсояҳои наздик ва ҳамфарҳанг калимаҳо, истилоҳот ва ҳатто ибораҳоро қабул ва мавриди истифода қарор надода бошад. Дар ин бора бояд диққат кард, ки ин иқтибосҳо аввалан дуруст ба кор гирифта шаванд ва, албатта, ба тавре ки ҷавобгўи қонуну қоидаҳои забон  ва ҷомеа бошанд…

ҶАВОНОНИ БОИРОДАЕМ…

Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият ҳамчун узви барбарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар харитаи сиёсии дунё арзи ҳастӣ намуд, ки дар ин пешравиҳо саҳми ҷавонон дида мешавад. Имрўзҳо вазифаи аввалиндараҷаи мо –ҷавонон таҳкими сулҳу ваҳдат ва нигоҳдории оромии мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ҳар як ҷавон, ки худро соҳибватан меҳисобад, бояд ҳеҷ гоҳ мафҳумҳои озодӣ, истиқлолият ва кониститутсияро аз мадди аввал дур насозад.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj