Гузориши муфассал аз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ (Видео)

Гузориши муфассал аз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ (Видео)

Ҷанбаҳои арзишӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»

Ба таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи  9-уми декабри соли 2015 ҳамчун рўзи воқеан фаромўшнопазир ва дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ ва мафкуравӣ ворид шуд, чунки дар ин рўз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро қабул кард.

Пешвои миллӣ - бунёдгузор ва таҳкимбахши ҳамкориҳои байналхалқии Тоҷикистон

Падидаи пешвои миллӣ дар фарҳанги сиёсии кишварҳои тозаистиқлол моҳиятан пади¬даи нав ва нодир мебошад. Аз ин лиҳоз, арзишу манзалати пади¬даи пешвои миллиро на танҳо дар сиёсат, балки аз нигоҳи  таърихӣ ва ҷомеашиносӣ ҳам бояд мушаххас сохт. Мусаллам аст, ки на ҳамаи сарварони давлат ба таърих ҳамчун пеш¬вои миллат ворид мешаванд. Як шахсият, вақте ба падидаи пеш¬вои миллат табдил мешавад, ки амалан барои як кишвар масири усту¬вори пешрафт дар бештарин соҳаҳоро бар пояи сиёсати солими идома¬дор эҷод ва онро то ҷойе амалӣ карда бошад.

Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат - намунаи ибрат барои ҷавонон

Аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдорӣ гардидани он аз ҷониби Маҷлиси миллии  Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ҷавонон хеле хурсанд гардида, ҷонибдории  худро изҳор менамоем. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзандаи худ ба ин мақом  сазовор мебошад.

Пешвои миллат ва истиқлолияти энергетикӣ

Дар тўли таърихи башарият шахсиятҳое ба арсаи ҳастӣ меоянд, ки обрую нуфузи миллату давлати худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Эмомалӣ Раҳмон, ҳақиқатан, барои халқ ва миллати тоҷик яке аз чунин шахсиятҳо ба шумор рафта, хизматҳои бузурги таърихӣ карда, халқро аз  парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурўпошӣ наҷот додаанд. Таҳти роҳбарии бевоситаи ў пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми  ҳуқуқӣ ва нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд.

Пешвои фазосоз

Миллату халқи тоҷик ба марҳилаи нави давлатдориву давлатсозӣ ворид гардидааст ва бо эътимоду боварии қатъӣ метавон гуфт, ки қонунӣ гардидани унвони Пешвои миллат як омили самарбахши дигар дар роҳи ваҳдати миллату халқи тоҷик мебошад. Аслан, тавре дар ҷаласаи Парлумони кишвар низ зикр гардид, Эмомалӣ Раҳмон зарурату эҳтиёҷе ба ин унвон надошт. Дар ҳақиқат барои тамоми миллату халқи тоҷик ў, аллакай, Пешво буд, ҳаст ва мемонад. Заҳмату талошҳо дар роҳи сулҳу ваҳдат ва наҷоти миллат аз парокандашавӣ ин худ пешвоии ўст.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj