Пешвои миллат

Қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ падидаи нодири сиёсӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмўъ рухдоди хушоянди ҷомеаи имрўзии мост.

Ба тасвиб расидани ин Қонуни таърихӣ зеҳнро ба тааммулу андеша, бознигарии масири начандон дури таърихӣ, раванди душвори решадор шудани дарахти пуршоху барги истиқлол во медорад.

Пешвои миллат- ифтихори миллат

Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рўбарў омад, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд.

Нақши Пешвои миллат дар рушди забони миллӣ

Забони миллӣ оинаи тамомнамои сатҳи тафаккури миллат, ҷаҳонбинӣ ва унсури меҳварии бозгўи ҳувияти соҳибзабонон маҳсуб мешавад. Арзишҳои миллӣ ғановати маънавиест, ки пойдорию бақои миллатро таъмин намуда, маҳз тавассути забон ҳифз карда мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, яке аз аркони муқаддасу меҳварии бақои давлати миллӣ забони миллӣ аст, ки барои мо, тоҷикону тоҷикзабонон, пас аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ рушди пурвусъату серпаҳнои он муяссар гардидааст. Зеро истиқлолияти сиёсӣ фишорҳои мафкуравии ғайримиллиро пазиро набуда, ин зуҳуроти таърихӣ ниёзи бештар ба ғояи миллӣ дорад.

Пешво ва роҳбари ислоҳоти иқтисодӣ

Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард,

В-он чӣ худ дошт зи бегона таманно мекард.

Шояд Хоҷаи Шероз ин байтҳоро дар мавриди дигар сурудааст, вале ҳоло он шарҳи ҳоли мо миллати ҳазор сол аз пешвою роҳбалад ва асли худ дур гашта мебошад, ки ҳумои бахти мо дар сурати абармарди бузурги миллат, Пешвои асливу расмии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зуҳур кардааст. 

Қонуни нав оид ба Пешвои миллат - таҷассуми муҳаббати мардум

Асли ҳуқуқ дар ҳама давру замонҳо танзими зиндагии иҷтимоӣ буд ва имрўз низ чунин аст. Тамоми муносибатҳои иҷтимоӣ тавассути қонунҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқие танзим мешаванд, ки онҳоро парлумони мамлакат қабул мекунад. Бояд дар ин замина таъкид кард, ки яке аз меъёрҳои пешрафти ин ё он кишвар, яъне индикатори асосии тамаддуни миллату давлат маҳз аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза муносибатҳо дар ҷомеа дуруст ба роҳ монда шудаанд. 

Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои демографӣ

Бо ибтикор ва дастуру супоришҳои бевоситаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба масъалаи сиёсати демографӣ диққати махсус дода шуда, якчанд санадҳои меъёрӣ, аз ҷумла: Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015» (аз 06.05.2002) ва «Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015» қабул гардиданд.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj