25-умин солгарди ташкилёбии сиёсати давлатии ҷавонон ё худ татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохўриҳои худ гуфтанд: «Дар ҷаҳони муосир рў овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат  ва ҷомеа мебошад... Воқеан, имрўз ҷавонони мо ҳамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рў, мо ҳалли мушкилоту масоили ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем.».

Раисони созмони ҷавонон ва соли ҷавонон

Раҷабалӣ Икромов - раиси Созмони ҷавонони ДМТ:
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар ҳар баромаду суханрониҳои худ барои рушду нумуи насли наврасу ҷавони кишвар дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо аз ҳар як сокини кишвар масъулияти бештарро тақозо мекунад.

Сиёсати давлатии ҷавонон ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат нисбат ба насли ҷавон

Имрўз сиёсати давлатии ҷавонон  яке аз паҳлуҳои муҳим дар сиёсати Ҳукумат ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Оре, ҳама вақт ҷавонон як қувваи бузург ва ниҳоят пурарзиш, ҳамчунин, бунёдкору пешбарандаи ҷамъият ба ҳисоб мерафт ва чунин неру доимо ба таваҷҷуҳу роҳбаладӣ ниёз дорад.

Ҷавони ботарбия -донишҷўи ДМТ

Виҷдон бисёр чизи хуб аст. Инсони бовиҷдон дурўғ намегўяд, кори хато намекунад ва муносибати тунд надорад.  Оид ба бовиҷдонии тоҷикон чандин роману очерку мақолаву тавсифҳо дар адабиёти классикӣ, адабиёти муосир ва васоити ахбори омма чоп шудаанд. 

Тайи ду сол мешавад, ки исми муҳоҷирони тоҷик барои баргардондани маблағҳои ҳангуфти ёфтаашон расонаӣ мешавад. Масалан, тибқи иттилои сомонаҳои иҷтимоӣ соли соли 2015 Забеҳуллоҳ Шафеъзода, ки дар Маскав ронандаи таксӣ буд, ҳамёни пур аз корти бонкӣ ва пули ёфтаашро ба соҳибаш дод. 

Моделикунонӣ

Бо ибтикори кафедраи кибернетикаи иқтисодии факултети баҳисобгирию иқтисодӣ дар мавзўи «Моделикунонии равандҳои иқтисодӣ-табиӣ» семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Нишаст бо суханронии сардори шуъбаи ахбори илмӣ-техникии донишгоҳ Р.Наботӣ оғоз ёфт. Дар нишаст устодону муҳаққиқони соҳа рољеъ ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим дар Љумҳурии Тољикистон, моделсозии љараёни қувваи корӣ, ҳалли масъалаҳои математикӣ бо истифода аз системаи моделиронии «MATLAB/SIMULINK» ва ғайра суханронӣ намуданд. 

Масъалаҳои гуногуни адабию забонӣ

Бо ибтикори кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дар мавзўи «Масоили мубрами филологияи Эрон» конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар нишаст аз ҷониби устодон ва донишҷўёни факултет роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни филологияи Эрон маърузаҳо ироа шуданд. Дар оѓози нишаст маърузаҳои устодон У. Сафаров «Забон ва марзи ҳимоят», Ҷ.Қосимов «Ҳушанг Соя ва чопи интиқодии девони Ҳофиз», С.Аброров «Нигоҳи дигар ба маъно ва калима дар матни адабӣ», Ҷ.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj