Парчам – пайванди имрўзу фардо, ишорае ба ормонҳои миллӣ

24-уми ноябри соли 2009 бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни нави миллӣ - Рўзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Соли равон маротибаи шашум мешавад, ки мардуми сарбаланду саодатманди тоҷик бо ифтихор аз тамаддуни оламгири пешин ва шукргузорӣ аз ваҳдату суботи имрўз ба Парчами миллӣ-яке аз рукнҳои муқаддасоти давлатдории миллии хеш арҷ мегузорад. 

Доктор философия (пи-эйч-ди = PhD) дар кишварҳои хориҷӣ

Дар Тоҷикистони азизи мо ба рушди илму маориф аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ҳар сол мактабу коллеҷҳои нав сохта мешаванд, дар донишгоҳҳо риштаҳои нав боз мегарданд. Муҳим он аст, ки таҳти сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо низ ба тарзи таълими нав ва дарёфти дараҷаҳои илмии байналмилалӣ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Яъне Тоҷикистон низ қадам ба қадам аз пешрафтҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳраманд мегардад. Ба тарзи таълими ғарбӣ, ба мисли бакалавар, магистр, доктори фалсафа (пи-эйч-ди = PhD), гузаштани муассисаҳои таълимии кишвар аз он шаҳодат медиҳад.

Муинӣ Мавсума Муинзода: Мушкилоти имрўзаи ҷавонон гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист...

(Суҳбати ихтисосии хабарнигори нашрияи “Ба қуллаҳои дониш” Абумуҳаммад Тўраев бо муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума Муинзода)
 

В. Шекспир - нобиғаи ҷаҳонӣ

Ҳамасола моҳи ноябр бахшида ба бузургдошти нобиғаи ҷаҳонӣ, шоир ва драматурги англис Вилям Шекспир на танҳо дар Англия, балки дар тамоми дунё чорабиниҳои фарҳангӣ бо шукўҳу шаҳомати хоса доир  мегарданд. Имсол низ дар толори фарҳангии ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллӣ бо ташаббуси устоди кафедраи забони англисии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, дотсент Дадоҷонова И. Б., дастгирии бевоситаи садорати факултет ва иштироки донишҷўёни курси 2-юми ихтисоси арабӣ-англисӣ маҳфили фарҳангӣ доир гардид.

Бузургдошти Иқбол

Бо ташаббуси кафедраи филологияи Ҳинду Покистони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бахшида ба «Рўзи Иқбол» Конференсияи ҷумҳуриявӣ  баргузор гардид. Дар конференсия Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон, Тариқ Иқбол Сумро, муовини ректори ДМТ оид ба илм,  профессор С. Сафармамадов, муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Х. Ғафуров ва намояндагону устодони дигар макотиби олии пойтахт иштирок доштанд.

Рушди ҳамкориҳо

Муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Х. Ғафуров бо  намояндагони Донишгоҳи Марбурги Олмон доктор Лесли Трамонтин, профессор Кристоф Вернер ва шарқшинос Муҳаммад Муҳаммадзода мулоқот намуд. 

Дар вохўрӣ ҷонибҳо дар самти мубодилаи идеяҳо, иттилоот, китобу нашрияҳо, таҳқиқоти муштараки илмӣ, таҷрибаомўзии устодон ва гузаронидани дарсҳои кушод, бозомўзии мутахассисони соҳаи забономўзӣ ва ғайра андешаронӣ намуданд.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj