Панди бузургон

-Дар ин дунё давлати мо ба ҷамъ кардан не, ба хайру саховат  афзун мешавад. Бигер Г.

-Агар хоҳӣ, ки доро бошӣ, дар фикри ҷамъ кардани сарват мабош, балки хасисии худро бартараф кун. Гелветсий К.

-Камбағал он касе нест, ки надорад, балки ҳамонест, ки бисёр мехоҳад. Сенека

-Ҳеҷ кас намехоҳад, ки бо камбағал хеш бошад. Менандр

-Доротарин ҳамонест, ки ба дигаре муҳтоҷ набошад. Иоҳанн Златоуст

Ифтихор аз Ватандорӣ

Ватан болу пар, сарфарозиву сарбаландӣ, бахту иқбол ва орзую умеди инсон аст. Ватан барои ҳар як фард муқаддастарин дороӣ ба шумор меравад, ки бо шунидани ин калимаи зебову хуҷаста дар пеши назарамон зодгоҳ, хонаву дар,  гаҳвора ва модар ҷилвагар мешавад. Ватан модари мушфиқу меҳрубони мо буда, умр аз ҳасти дар он саодату маънӣ мегирад. Ватан ва модар ҳаммаъно ва ҳамрадифанд. Яъне агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, модари рамзӣ- Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғўш кушодааст. Оғўши Ватан мисли оғўши Модар аст.

Истифодаи вақт дар оила

«Оилаи солим як омили муҳимми пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизашон расида, номбардорони сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд».    

 Эмомалӣ Раҳмон

Оромгоҳи Куруши Кабир ва Искандари Мақдунӣ

«Куруш дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим яке аз оқилтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандешатарин шоҳаншоҳ буд, ки бо оини инсонпарварӣ, банданавозӣ, адолатпешагӣ ва тамаддунофарию давлатсозиаш нуфузи оламгир ёфтааст».

Назаре ба таърихи Конститутсия

Баъд аз чандин соли дур аз идоракунӣ миллати тоҷик ба шарофати фарзандони фарзонаю барумандаш ва ватандўсту фидоияш боз дубора соҳиби давлат ва аркони давлатдорӣ гардида, 9-уми cентябри соли 1991 бо дарназардошти анъанаву суннатҳои таърихии аҷдодӣ ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мутамаддину пешрафта Истиқлолияти худро  ба даст даровард ва расман  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқ баромад намуд. Аз соли 1991 соли бунёдӣ ва давраи шукуфоии  Тоҷикистон оѓоз гардид.

Раҳовард

Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-ум то 19-уми октябри соли ҷорӣ як гурўҳи корӣ иборат аз 18 нафар ҷавонони фаъол, бо намояндагӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи телевизион ва радио ва гурўҳи “Пешоҳанг” (Авангард) (Миралиев Эмомалӣ ва Хушвахтов Аслиддин аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), бо мақсади гузаронидани суҳбатҳои озоду мулоқотҳо бо ҷавонони тоҷик, ки дар Федератсия Русия кору фаъолият ва таҳсил менамоянд, сафар намудем.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj