Илм фидокорӣ мехоҳад

Генри Дэвид Торо – нависандаи англис мегӯяд, он чи ки як бор бо сифат иҷро шудааст, барои як умр аст. Маҳз ҳамин амал дар тадқиқоти устоди муҳтарами мо, профессор Сайидраҳмон Сулаймонӣ дида мешавад. «Фарҳанги арабӣ – тоҷикӣ»-и таҳиянамудаи С. Сулаймонӣ дар ҳаҷми сад ҳазор калима метавонад як умр мавриди истифодаи устодону донишҷӯён бошад. Устод Сайидраҳмон Сулаймонӣ зиёда аз панҷ ҷилди осори Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума кардааст, ки ҳар яке аз онҳо тақрибан 700–800 саҳифаро дар бар мегиранд. Профессор С.

Абдусалом МИРАЛИЕВ: Имтиҳонҳои давлатӣ ба меъёрҳои муқарраргардида ҷавобгў буд…

Таълим бахши асосии ҳар муассисаи таълимӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллиро ташкил медиҳад. Дар бештари маврид натиҷаҳои ин бахш боиси шинохти донишгоҳ ва эътирофи он дар дохилу хориҷ аз кишвар мегардад. Ҳамин аст, ки донишгоҳ пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба равишҳои навини таълим, баҳрамандии донишҷўён аз илмҳои фарогирифта ва ғайра таваҷҷуҳ намуда, ба роҳу равишҳои замонавӣ сатҳи донишазхудкунии онҳоро дар тўли соли таҳсил месанҷад.

Сабабҳо ва нишонаҳои физиологии пиршавӣ

Чаро инсон пир мешавад? Барои дарёфти ин суол кўшиш кардем, то такя ба асосҳои илмӣ ҷавоб гуфта бошем. Физиологи машҳури рус  И.П.Павлов  дар  натиҷаи  тадққиқотҳои чандинсолаи  худ  исбот намуд, ки яке аз сабабҳои пиршавӣ ин таъсири муҳити зист аст. Масалан, ба ҳолатҳои  ногувор гирифтор шудан ба фаъолияти системаи марказии асаб таъсир мерасонад. Дар ин маврид ҷисм хароб гашта, ба пирӣ меорад.  Аммо пиршавӣ,  пеш аз ҳама, ба шароити оила, меҳнату истироҳат, оромӣ дар ҳолати мондашавӣ, муноқишаҳои беасос ва бадрафторию бадкинагӣ, бадрашкӣ  ва амсоли онҳо вобастагии калон дорад.

Усулҳои омўзиши забони хориҷӣ

Шакке нест, ки ҳар инсон бо даст задан ба коре натиҷаи онро мавриди ҳадафи худ қарор медиҳад ва расидан ба нияту таҳққиқи он дар коре диққату аҳамият ва амали зиёдеро талаб мекунад. Агар ин куниш ба таълиму тарбия тааллуқ дошта бошад, пас ҳадаф шомилтару барраситар хоҳад гашт, зеро омўзгор наметавонад бе ягон натиҷае кори худро дар муқобили дарсомўзии донишҷўён, рағбаташон ба дарс, дарку пайвастагияшон ба фан ва он чи ки барояшон пешниҳод мекунад, давом диҳад.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Барои Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон  баъди дарёфти истиқлолият ба роҳ мондани робита ва ҳамкориҳо бо кишварҳо ва ҳам  иттиҳоди кишварҳо  назири Иттиҳоди Аврупо мубрамияти хосе касб намуда буд. Ин амрро қабл аз ҳама зарурати ҳалли ҳарчи зудтари мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии кишвар тақозо дошт.

Панди бузургон

-Дар ин дунё давлати мо ба ҷамъ кардан не, ба хайру саховат  афзун мешавад. Бигер Г.

-Агар хоҳӣ, ки доро бошӣ, дар фикри ҷамъ кардани сарват мабош, балки хасисии худро бартараф кун. Гелветсий К.

-Камбағал он касе нест, ки надорад, балки ҳамонест, ки бисёр мехоҳад. Сенека

-Ҳеҷ кас намехоҳад, ки бо камбағал хеш бошад. Менандр

-Доротарин ҳамонест, ки ба дигаре муҳтоҷ набошад. Иоҳанн Златоуст

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj