Забоншиносӣ ва тарҷума

Бо чунин унвон дар кафедраи забони англисии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар конференсия устодону муҳаққиқони соҳа оид ба мушкилоти лексикография дар тарҷума, вижагиҳои тарҷумаи истилоҳоти дипломатӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ, таркибу ибораҳои хоси услуби публисистӣ ва расмию коргузорӣ (дар асоси маводи матбуоти англисӣ), хусусиятҳои хоси омонимҳо дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ ва ғайра суханронӣ намуданд. 

Модернизатсияи системаи таҳсилот

Тадқиқоти психологӣ-педагогӣ нишон медиҳанд, ки яке аз консепсияҳо дар модерникунонӣ ва навоварии таҳсилоти олӣ бояд дар алоқамандӣ ба инкишофи интелектуалӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонии донишҷўёни мактабҳои олӣ бошад. Мо бояд ба донишҷўён мустақилият, бархўрдҳои мусбат ба илм ва қобилияти фикр кардан, яъне дар раванди таълим инкишоф додани асосҳои муосири фикррониро ташаккул диҳем. Ин нуктаро номзади илмҳои педагогика З.Наимов дар ҷараёни конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалие, ки бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии педагогика доир гардид, ироа намуд.

Дарси кушоди таҷрибаомўз

Чун анъана ҳар сол донишҷўёни курсҳои болоии равияи омўзгории Донишгоҳи миллӣ ба таҷрибаомўзӣ ба ин ё он муассисаҳои таҳсилоти миёна фаро гирифта мешаванд. Онҳо бо роҳнамоии устодони кафедраҳои марбути донишгоҳ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна рафта аз рўйи ихтисос дарс мегўянд. Бо ин мақсад Донишгоҳи миллӣ ҳамкории худро бо муассисаҳои таҳсилоти миёна дар сатҳи олӣ барқарор намудааст. Яке аз чунин муассисаҳо, ин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35-и н. Шоҳмансури ш.

Шоҳмотбозӣ

Бо мақсади тарғиби бозии шоҳмот ва ҷалби донишҷўён ба бозии шоҳмот, инчунин, баланд бардоштани малакаи варзишии донишҷўёни донишгоҳ аз санаи 6-ум то 21-уми октябр дар кулуби шоҳмоти ДМТ мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба бозии шоҳмот дар миёни дастаҳои донишҷўёни факултетҳо гузаронида шуд. Санаи 23-юми октябр мусобиқаи мазкур хотима ёфт, ки дар кори он роҳбарон ва намояндагони Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷўён, Созмони ҷавонони донишгоҳ, кулуби шоҳмот ва кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ иштирок намуданд.

Таҳлили масъалаҳои ҳуқуқӣ

Мушкилоти ислоҳоти идоракунии давлатии замин, ҳуқуқ ба қитъаи замин ҳамчун объекти танзими гражданӣ-ҳуқуқӣ, проблемаҳои қонунгузории замин ҳангоми баррасии баҳсҳои сохтмони худсарона дар амалияи судӣ, баъзе аз масъалаҳои меросгирии ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин дар алоқамандӣ бо қонунгузории гражданӣ ва замин аз ҷумлаи мавзўъҳое буданд, ки дар конференсияи ҷумҳуриявие, ки дар факултети ҳуқуқшиносӣ доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамоишҳо дар ИИТ

Ҷанбаҳои гуманитарии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Хитой дар давраи муосир, робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Хитой дар оғози асри XXI, Созмони ҳамкориҳои Шанхай омили муҳими субботу амният дар минтаҷа, муносибатҳои байниҳамдигарии Тоҷикистону Хитой дар доираи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ва ғайраҳо аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки  дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалие, ки бо ташаббуси Институти илмӣ-тадқиқотии ДМТ доир гардид, баррасӣ гардид. Дар оғози нишаст директории Институти таърих, археология ва этнографияи АИ ҶТ, профессор З.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj