Оромгоҳи Куруши Кабир ва Искандари Мақдунӣ

«Куруш дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим яке аз оқилтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандешатарин шоҳаншоҳ буд, ки бо оини инсонпарварӣ, банданавозӣ, адолатпешагӣ ва тамаддунофарию давлатсозиаш нуфузи оламгир ёфтааст».

Назаре ба таърихи Конститутсия

Баъд аз чандин соли дур аз идоракунӣ миллати тоҷик ба шарофати фарзандони фарзонаю барумандаш ва ватандўсту фидоияш боз дубора соҳиби давлат ва аркони давлатдорӣ гардида, 9-уми cентябри соли 1991 бо дарназардошти анъанаву суннатҳои таърихии аҷдодӣ ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мутамаддину пешрафта Истиқлолияти худро  ба даст даровард ва расман  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқ баромад намуд. Аз соли 1991 соли бунёдӣ ва давраи шукуфоии  Тоҷикистон оѓоз гардид.

Раҳовард

Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-ум то 19-уми октябри соли ҷорӣ як гурўҳи корӣ иборат аз 18 нафар ҷавонони фаъол, бо намояндагӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи телевизион ва радио ва гурўҳи “Пешоҳанг” (Авангард) (Миралиев Эмомалӣ ва Хушвахтов Аслиддин аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), бо мақсади гузаронидани суҳбатҳои озоду мулоқотҳо бо ҷавонони тоҷик, ки дар Федератсия Русия кору фаъолият ва таҳсил менамоянд, сафар намудем.

Забоншиносӣ ва тарҷума

Бо чунин унвон дар кафедраи забони англисии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар конференсия устодону муҳаққиқони соҳа оид ба мушкилоти лексикография дар тарҷума, вижагиҳои тарҷумаи истилоҳоти дипломатӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ, таркибу ибораҳои хоси услуби публисистӣ ва расмию коргузорӣ (дар асоси маводи матбуоти англисӣ), хусусиятҳои хоси омонимҳо дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ ва ғайра суханронӣ намуданд. 

Модернизатсияи системаи таҳсилот

Тадқиқоти психологӣ-педагогӣ нишон медиҳанд, ки яке аз консепсияҳо дар модерникунонӣ ва навоварии таҳсилоти олӣ бояд дар алоқамандӣ ба инкишофи интелектуалӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонии донишҷўёни мактабҳои олӣ бошад. Мо бояд ба донишҷўён мустақилият, бархўрдҳои мусбат ба илм ва қобилияти фикр кардан, яъне дар раванди таълим инкишоф додани асосҳои муосири фикррониро ташаккул диҳем. Ин нуктаро номзади илмҳои педагогика З.Наимов дар ҷараёни конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалие, ки бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии педагогика доир гардид, ироа намуд.

Дарси кушоди таҷрибаомўз

Чун анъана ҳар сол донишҷўёни курсҳои болоии равияи омўзгории Донишгоҳи миллӣ ба таҷрибаомўзӣ ба ин ё он муассисаҳои таҳсилоти миёна фаро гирифта мешаванд. Онҳо бо роҳнамоии устодони кафедраҳои марбути донишгоҳ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна рафта аз рўйи ихтисос дарс мегўянд. Бо ин мақсад Донишгоҳи миллӣ ҳамкории худро бо муассисаҳои таҳсилоти миёна дар сатҳи олӣ барқарор намудааст. Яке аз чунин муассисаҳо, ин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35-и н. Шоҳмансури ш.

Страницы

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj